Беш аз 2,5 ҳазор китоби рӯзноманигори маъруф Ҳокими Азиз ба Китобхонаи миллӣ тақдим гардид

Декабрь 10, 2023 10:05

ДУШАНБЕ, 10.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 2 ҳазору 631 китоби рӯзноманигори равоншод Ҳокими Азиз аз ҷониби фарзандон ва пайвандони адиб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ.

Тавре иттилоъ дода шуд, аз 2631 китоб 1447 адад ба забони русӣ,  1085 адад ба забони тоҷикӣ, 56 адад бо ҳуруфи форсӣ ва 9 китоб бо забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла англисиву олмонӣ ва ғайра будааст.

Ҳамчунин 33 маҷалла, аз қабили «Огонёк», «Вопросы литературы», «Памир», «Человек и закон», «Мардумгиёҳ», «Анис», «Маърифати омӯзгор», «Пайванд» ва  «Истиқбол» низ ҳастанд.

Бояд гуфт, ки Ҳокими Азиз китобҳои зиёде таълиф намудааст ва бахше аз китобҳои тақдимшуда  (дар умум 121) китобҳое мебошанд, ки ӯ навишта ва ё таҳия намудааст. Аз ҷумла, «Андарзҳои «Маснавии маънавӣ»- 50 адад, «Наврӯзи Аҷам»- 35 адад, «Мадади ишқ»- 17 адад ва ғайра.

Ҳокими Азиз хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1983 дар Радиои тоҷик фаъолиятро шуруъ намуда, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои адабию драмавӣ силсилагуфтори «Дар суҳбати адиб» – ро ба шунавандагон расонидааст, ки беш аз 30 шуморааш дар «Хазинаи тиллоӣ» – и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Солҳои 1997-2005 дар Телевизиони Тоҷикистон чун муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ фаъолияти босамар намудааст.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2023 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад