Бо мусоидати Шурои кории Тоҷикистон ва Русия дар ҷумҳурӣ беш аз 400 корхона бо сармояи Русия муваффақона фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Тоҷикистон бо мусоидати Шурои кории Тоҷикистон ва Русия беш аз 400 корхона бо сармояи ширкатҳои Русия муваффақона фаъолият доранд. Ин нукта дар ҷаласаи солонаи Шурои кории Тоҷикистон ва Русия, ки ба таври маҷозӣ бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Дмитрий Волвач ва раиси Шурои кории Тоҷикистон ва Русия Ислам Назаралиев баргузор гардид, таъкид шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи солонаи Шурои кории Тоҷикистон ва Русия инчунин роҳбарони намояндагони бахши хусусии ҳарду ҷониб иштирок намуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Русия имконияти ҳамкории ду давлат дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт баррасӣ шуд. Инчунин аз ҷониби доираҳои бахши хусусӣ лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ ва шаҳри ҳушманд муаррифӣ гардиданд.
Иброз гардид, ки байни Тоҷикистон ва Русия иқтидори истифоданашуда вуҷуд дорад ва мо омодаем дар соҳаи маблағгузории лоиҳаҳо ба таври муштарак кор барем.
Дар анҷом аз иштирокдорони Шурои корӣ даъват шуд, ки ба амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорию тиҷоратӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






