Дар Душанбе Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр, соати 10:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиёӣ дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Фестивал бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани арзишҳои милливу умумибашарӣ, густариши навъҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва тарбияи ҳисси зебоипарастӣ доир мегардад.
Дар фестивал ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони якчанд корпуси дипломатии муқими Душанбе намунаҳои беҳтарини намудҳои ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо мегузоранд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






