Дар Хоруғ барои афсарону сарбозон хобгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд

Декабрь 23, 2023 08:44

ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили яке аз қисмҳои низомии қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, воқеъ дар гарнизони Хоруғ барои афсарону сарбозон якчанд иншооти муҳими ҳарбӣ ва хобгоҳи кушоду барҳавои муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Хобгоҳи замонавӣ аз ду ошёна ва аз таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1620 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва барои беш аз 500 нафар ҳайати шахсӣ пешбинӣ гардидааст.

Дохили бино ва ҳуҷраҳои кориву хизматрасонии иншоот бо мизу курсӣ, ҳама намуди таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои алоқаи дохилӣ, шиору овезаҳои таблиғотӣ ва дигар шароити зарурии маишиву фароғатӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, баҳри назорати доимии дохилу ҳудуди қисми ҳарбӣ видеокамераҳои мушоҳидавӣ низ насб шудаанд. Хобгоҳи сарбозону тамоми ҳуҷраҳои кориву хизматии ҳайати шахсӣ ба системаи автономии гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ роҳраву ҳудуди иншооти қисми низомӣ бетонпӯш шуда, дар назди хобгоҳ дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ як майдон бунёд ва атрофи он бо растаниҳои ороишӣ хушнамо гардонида шудааст.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2023 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд