Дар Хуҷанд вобаста ба истифодаи технологияи муосир дар таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Истифодаи технологияи муосир дар раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар конференсия таъкид гардид, ки дар сиёсати маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди илмҳои дақиқ, рӯ овардан ба технологияи муосири таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷойгоҳи махсус дошта, Сарвари давлат борҳо дар мулоқот бо аҳли маориф зарурати омода намудани мутахассисони касбии соҳаро амри воқеӣ медонанд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав ва махсусан рушди соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ, беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави мутахассисони илмҳои дақиқ соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуд. Ҳамчунин ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.
Имрӯз зарурат пеш омадааст, ки мо дар зеҳну тафаккури насли наврас ва ҷавон омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзиро бештар талқин намоем. Зеро ояндаи миллат, пешрафт ва шукуфоии он аз чунин ҷавонони қобилиятнок ва соҳибистеъдод вобастагии калон дорад.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Фанҳои дақиқ ва нақши онҳо дар ташаккули салоҳияти касбии муҳандисон», «Ташаккул додани маҳорати эҷодӣ ва техникии бакалаврҳо тибқи муносибати босалоҳият ба таълим», «Амсиласозии математикӣ ва бозиҳои дифференсиалӣ», «Истифодаи платформаҳои интерактивӣ дар раванди таълим», «Усулҳои таълими фаъоли фанҳои дақиқ дар МТОК», «Таҷрибаи ширкати мутахассисони Роҳи абрешим дар гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо» аз ҷониби олимону донишмандони соҳа маърузаҳои илмӣ шунида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






