Дар Москва ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид.
Дар ҷаласа самтҳои муҳими робитаҳои дуҷониба баррасӣ гардида, нақшаи ҳамкорӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ барои соли 24 тарҳрезӣ карда шуд. Тарафҳо доир ба масъалаҳое, ки ҳалли таъҷилӣ талаб менамоянд, изҳори омодагӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариши ҳамкории стратегӣ бо Русия дар тамоми самтҳои афзалиятнок манфиатдор буда, омода аст, ки минбаъд низ барои рушди ҳамкории муназзами байниҳукуматӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.


Дар ҷараёни мулоқот санадҳои нави Комиссияи байниҳукуматӣ, аз ҷумла Протокол оид ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба имзо расид.
Ҳамчунин доир ба шароити сохтмон ва фаъолияти маркази таълимии кӯдакони лаёқатманд ва Театри драмавии ба номи Владимир Маяковский дар Душанбе созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо карда шуд.
АКС: Ҳукумати Федератсияи Русия









Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






