Дар «Сафеддара» бо дарозии 7,2 км роҳи нави лижаронии «Сомонӣ» сохта шуд

Декабрь 29, 2023 15:17

ДУШАНБЕ, 29.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрўз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар стансияи болоии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» роҳи нави лижаронии «Сомонӣ» ифтитоҳ гардида, ба оғози ҳаракати лижаронҳо дар ин масир оғоз бахшида шуд.

Роҳи нави лижаронии «Сомонӣ» дар масофаи 7,2 км сохта шудаст. Дар умум роҳи лижаронӣ дар маҷмаа аз поён то ба боло 30 км-ро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди маҷмаа 10 коттеҷи 1 ва 2-ошёнаи сохти замонавӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, 6 ададаш аз маҳсулоти муосири сохтмонӣ ва 4 адади дигараш аз чӯби гирдшакл бо услуби аврупоӣ сохта шудааст.

Дар коттеҷҳо барои аз 4 то 8 нафар ҷои хоб пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар назди стансияи болоии роҳи танобӣ дар баландии 2590 метр тарабхонаи «Чаман» бо услуби миллӣ бо зиёда аз 100 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Ҳамзамон дар маҷмаа бинои нав, ки дар он нуқтаи тиббӣ, хазина ва сервери идоракунии коммуникатсияи иттилоотӣ ҷойгир шудааст, бунёд ёфтааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Декабрь 29, 2023 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад