Дар шаҳри Пекин таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Чин ҷаласаи 45-уми Гурӯҳи муштараки назоратӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекин таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Чин ҷаласаи 45-уми Гурӯҳи муштараки назоратӣ, ки тибқи Созишнома байни Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳадӣ аз соли 1996 ва Созишнома дар бораи ба таври муштарак ихтисор намудани қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 таъсис дода шудааст, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо дар заминаи ҳусни тафоҳум омодагиро барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар навоҳии сарҳадӣ иброз намуданд.
Ҳамчунин дар доираи ҷаласаи 45-уми Гурӯҳи муштараки назоратӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Тарафи муштарак доир шуд.
Аз натиҷаи ҷаласаҳо протоколҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи муштараки назоратӣ тибқи мувофиқаи ҷонибҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сироҷиддин Муҳриддин бо як гурӯҳ аз сафирони давлатҳои иштирокдори САҲА мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Валиаҳди Давлати Кувайт мулоқот намуд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Швейтсария дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ба анҷом расиданд
Дар Женева мулоқоти Шараф Шерализода бо сафирони кишварҳои хориҷӣ доир гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Шараф Шерализода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Шабакаи «Abu Dhabi TV» ҳадафҳои Конфронси байналмилалии обро шарҳ дод
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд






