ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода беш аз 200 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан шинонида шуданд

Декабрь 22, 2023 10:49

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози мавсими ниҳолшинонии имсола то имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода дар шафати шоҳроҳ беш аз 200 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан шинонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода дар доираи маъракаи «Як рӯзи ниҳолшинонӣ» маротибаи дуюм аст, ки мавзеъҳои холии шафати шоҳроҳро бо дарахтони ҳамешасабз сарсабз мегардонанд.

Дар маҷмуъ, дар доираи маъракаи «Як рӯзи ниҳолшинонӣ» дар ҳудуди шаҳру деҳоти шаҳри Турсунзода шинонидани зиёда аз 12 ҳазор ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ба нақша гирифта шудааст, ки ба хуррам гардонидани Ватанамон мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 22, 2023 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд