Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҳафтаи АвруОсиёии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи навбатии вазирон, ки дар шаҳри Парижи Фаронса оид ба Ҳафтаи АвруОсиёии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) баргузор гардид, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён иштирок намуда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо сухан гуфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, дигаргунсамтии содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи савдо муайян намуданд, ки дар натиҷаи он дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.
Аз ҷумла Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор дорад. Инчунин якчанд ҳуҷҷатҳои стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамояд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо дигар кишварҳои минтақа дар заминаи рушди иқтидори бузург дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, сайёҳӣ, инчунин густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар самти рақамикунонӣ ва гузариш ба «иқтисоди сабз» мебинад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






