ФУТБОЛ. Дар охири мавсими имсолаи Лигаи олӣ «Истиқлол» дастаи «Равшан»-ро мағлуб намуд

Декабрь 11, 2023 15:05

ДУШАНБЕ, 11.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба сифати чемпиони мавсими имсола дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар муқобили дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар бозии мавқуфмонда бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин бозӣ голҳои дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо ҳамлагарон Сенин Себай дар дақиқаи 17-ум ва Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 28-ум ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ду бозии қаблии мавсими имсола дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо мағлуб намуда буд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 11, 2023 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид