Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкати русии «Питер Ай Икс» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати дигари русӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Мақсади асосии ёддошти ҳамкорӣ — мусоидат намудан ба раванди навсозию ислоҳот дар соҳаи алоқаи барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин ҳуҷҷат заминаи ҳамкории ширкатҳои алоқаи мобилии мамлакатро бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» фароҳам месозад.
Дар доираи ин Ёддошти ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи алоқа, махсусан ворид намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди системаи тиҷорати электронӣ, дастрасӣ ба интернети фарохмаҷро, идоракунии интернет, таҳкими шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G) амалӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Цифра»-и Федератсияи Русия низ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Он баргузории машваратҳои муштарак, вохӯриҳои иттилоотӣ, машғулият ва вебинарҳоро ҷиҳати таҳкими робитаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, мубодилаи таҷрибаи иттилоотию ташаббусҳо ва барномаҳои миллӣ дар соҳаи рушди коммуникатсия ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, мубодилаи таҷриба дар таҳияи стратегияҳои минтақавӣ, сафарҳои миёна ва дарозмуддат ва шаклҳои дигари ҳамкориро, ки манфиатҳои тарафайнро ифода менамоянд, дар назар дорад.
Амалӣ намудани ҳамкории гуногунҷанба бо ширкатҳои хориҷӣ ба раванди ислоҳот ва навсозии шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони тоза медиҳад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






