Имрӯз дар Тоҷикистон 21 дараҷа гармӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорат рӯзона 16+21 дараҷаро ташкил медиҳад. Чунин вазъи обу ҳаво то охири ҳафта идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона аз 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 17-22 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа, рӯзона 14+19 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6, рӯзона 16+21, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа, рӯзона 15+20 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе шабона ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 4+6 ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






