Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борону барф ба амал меояд. Ҳарорат рӯзона ба 14+18 дараҷа мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона ҳаво бебориш шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 19-24 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10, дар баъзе ҷойҳо 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона бебориш дар назар буда, рӯзона борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 12+17, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 12+17 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа гарм ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид






