ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ. Саҳми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули низоми устувори молиявӣ дар мамлакат назаррас аст

Декабрь 7, 2023 08:41

ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии устувори молиявӣ ташаккул ёфт, ки аз низоми қаблан амалкунандаи нақшавӣ ба  куллӣ тафовут дошта, вобаста ба талаботи иқтисоди бозорӣ бунёд гардидааст.

«Яке аз зуҳуроти асосии ин низом таъмини амнияти молиявӣ, интишор ва амалкарди пули миллӣ, пеш бурдани сиёсати мустақили пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет мебошад», — иброз намуд ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳакимбек Абдуалимзода бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия, ки дар Тоҷикистон 7 декабр эълон гардидааст.

Ҳакимбек Абдуалимзода дар идома чунин гуфт:

 — Қисмати асосӣ ва калидии низоми молиявӣ буҷети давлатӣ мебошад. Буҷет танзимкунандаи тавонои иқтисодиёт, муҳимтарин омили амалигардонии дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ буда, таносуби мавҷудаи хоҷагидории миллиро хеле тағйир дода, ба сохтори соҳавӣ ва ҳудудии истеҳсолоти ҷамъиятӣ таъсир мерасонад.

Таъйиноти аслии буҷет кумак ба давлат дар гузаронидани ислоҳоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим (дар соҳаи маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳарбӣ, нафақа ва ғайра), баробар намудани оқибатҳои иҷтимоии табақабандии шаҳрвандон аз рӯйи вазъи молиявиашон мебошад.

Рушди бомароми ҷомеаи муосир ва тағйирёбандагии равандҳои иқтисодӣ пайваста таҳқиқи амиқ ва мулоҳизакоронаи назарияи молия ва амалияи барпо намудани муносибатҳои молиявиро талаб менамояд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Пешвои миллат якчанд асноди стратегии марбут ба идоракунии молияи давлатӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, кодексҳои соҳавӣ, консепсия ва барномаҳои рушд қабул шуданд, ки муносибатҳои молиявиро ба танзим дароварда, гуногуншаклии моликият, шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ташаккули низоми миллии буҷету андоз, рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро имконпазир гардониданд ва низоми молияи миллӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири молияи ҷаҳонӣ ба равандҳои ҳамгироӣ ворид шуд.

Дар замони истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳое таъсис дода шуданд. Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет ҷалб намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Вобаста ба истифода, яъне харҷи даромадҳои давлатӣ нақши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз ниҳоди калидии ҳукумат, ки дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми беандоза дорад ва самтҳою дурнамои асосии сиёсати буҷету андоз, идоракунии молияи давлатиро ҷиҳати амалӣ намудани аҳдофи стратегӣ мутобиқ месозад, махсус бояд гуфт.

Таъмини суботи молиявӣ ба туфайли заҳматҳои беандозаи Пешвои миллат имкон дод, ки давоми ду даҳсолаи охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи баланди зиёда аз 7,5 дарсад нигоҳ дошта шуда, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ давоми 22 сол (2000-2022) ба андозаи зиёда аз 130 маротиба афзоиш ёбад. Давоми ин солҳо ҳамасола зиёда аз 50 дарсади даромадҳои буҷети давлатӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона шудаанд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ, хусусияти иҷтимоӣ касб намудани буҷети давлатӣ хароҷоти ниҳоят зиёдро тақозо менамояд. Аз тарафи дигар, дар замони истиқлолият ба туфайли фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ки зарурати онро Пешвои миллат пайваста таъкид месозанд, ҳаҷми калони сармояи хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ҷалб шуд, ки истифодаи мақсадноки онҳо низ таҳти назорати мустақими Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти молия қарор дорад.

Бояд гуфт, ки худи кормандони мақомоти молия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба кадрҳои соҳибкасби аз маҷмуи донишҳои замонавӣ бархурдор, забондон, корбарандагони пешқадами технологияҳои иттилоотӣ, коршиносони соҳаи молия табдил ёфтанд. Аз ин рӯ, барои мо, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаронидани Рӯзи кормандони мақомоти молия аз он сабаб мояи ифтихор аст, ки муассиси донишгоҳ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо миннатдор аз он ҳастем, ки дастгирии муассис нисбат ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳама вақт эҳсос  мешавад ва дар аксарияти дастовардҳои донишгоҳ Вазорати молия ва кормандони дастгоҳи марказии он саҳм гузоштаанд. Аз тарафи дигар, Пешвои миллат ба мо рисолати бузург ва таърихии омода намудани кадрҳои соҳаи молияро бовар намудаанд. Ҳамасола хатмкардагони ихтисосҳои марбути донишгоҳ аз озмунҳои басе ҷиддӣ гузашта, ба сафи кормандони мақомоти молия шомил мешаванд ва сол то сол дар байни кормандони ин мақомот шумораи дастпарварони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон меафзояд.

Биноан, мояи ифтихор аст, ки дастпарварони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти ҳамарӯзаю молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва амсоли он саҳм мегузоранд. Ин рисолати бузург ва ифтихорӣ аз мо масъулияти баланд тақозо менамояд. Дар ин раванд ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён масъул мебошанд.

Маҳз ҳамин масъулиятшиносӣ моро водор месозад, ки бо меҳнати садоқатмандона ба боварии Пешвои миллат ва халқу Ватан сазовор шавем.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Эрон дар бахши инноватсия баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 53,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазор хатсайри мунтазам ва чартерӣ хизмат расонидааст
«Сомон Эйр» соли 2024 беш аз 1,5 миллион мусофирро ба 12 давлати ҷаҳон интиқол додааст
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе оид ба рушди инноватсия ва технологияи рақамӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ ошкор гардид
Тоҷикистон аввалин гузоришро оид ба барӯйхатгирии газҳои гулхонаӣ барои солҳои 1990-2022 ба Конвенсияи қолабии СММ пешниҳод намуд
Сафири Боливарии Венесуэла: «Тоҷикистон бо табиати зебо ва мероси фарҳангию таърихӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон қарор мегирад»
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 2,3 миллион мусофир хизмат расонидааст
МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем