«ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-НЕРУИ БУЗУРГУ ПЕШБАРАНДА». Дар Хуҷанд ба муносибати солгарди таъсиси ҳизб ҷаласаи тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- неруи бузургу пешбаранда» маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар медиҳад.
Нахуст меҳмонон бо намоиши маҳсулоти хоҷагии ёрирасони назди кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намоиши дастовардҳои кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар вилояти Суғд шинос шуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иброз дошт, ки воқеан роҳи паймудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ давоми 29 сол мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо ҳизби халқ будани худро дар амал собит намуд. Исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалаш ба манфиати халқ равона шудааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти мамлакат буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад».
Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 29 соли фаъолият имкон фароҳам овард, ки ҷомеаро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалигардонии ормонҳои мардум тавонист нақши мондагор гузорад. Нақши ин ҳизби сиёсӣ дар рушди иқтисодиёти навини Тоҷикистон беназир буда, талошҳои барномавии он ба зиндагии шоистаи мардум равона гардидаанд.
Дар идомаи маҷлис як зумра фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ бо сипосномаҳо, медали ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд








Дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқӣ оғоз гардид
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Дар Душанбе даври сеюми Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд
«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ШУКУФОИИ ВАТАН». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми 6-уми «Сарварони ҷавони эҷодкори Осиёи Марказӣ ва Русия» иштирок менамоянд
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расид
Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мегардад
Душанбе мизбони Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд






