«МАЛИКАИ ГУЛҲО» — САДБАРГРО ПАРВАРИШ МЕНАМОЕМ. Дар шаҳри Душанбе ба парвариши он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад
ДУШАНБЕ, 22.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар гоҳе аз назди гулзори назди биноҳои маъмурию истиқоматӣ, мактабу кўдакистон ва кўчаю хиёбонҳо, бахусус аз гулгаштҳои зебои пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе гузар менамоем, мафтуни ин зебоиҳо гашта, аз буйи хуши онҳо димоғамон муаттар мегардад. Бахусус аз тамошои гулҳои сурху сафед, зарду гулобии садбарг чашми кас сер намешавад. Дар баробари аҳсан гуфтан ба офарандагони ин зебоӣ, бояд ба андеша биравем, ки дар ин кори нек ҳар яки мо метавонем ақаллан бо шинонидану парвариши як бех гул дар макони зистамон саҳмгузор бошем.
Ёдовар мешавем, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки 23 сентябри соли 2020 доир гардид, аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват намуданд, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд.
Раиси шаҳри Душанбе дар ин иҷлосия оид ба зиёд намудани масоҳати парвариши гулу буттаҳои ороишӣ, алалхусус гули садбарг дар пойтахт ба масъулини соҳа дастуру супориш доданд.
Хотиррасон мешавем, ки шуруъ аз моҳи январ то аввали фасли баҳор дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ қариб ҳар ҳафта намоиш – фурӯшҳои ниҳолҳо, қаламчаю тухмии гуногуни гулҳо ва тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегарданд. Сокинони мамлакат имкони аз ин намоиш-фурўшҳо дастрас намудани қаламча ва тухмии гулҳо, аз ҷумла гули садбаргро доранд.
Масоҳати парвариши «маликаи гулҳо» — садбарг васеъ мешавад
Яке аз афзалиятҳои гули садбарг ба ғайр аз зебоии он, ба муҳлати дароз зебу зиннат бахшиданаш ба гирду атрофи манзили зисту коргоҳҳои мо мебошад. Гули садбарг тақрибан аз аввалҳои моҳи май ба шукуфтан оғоз намуда, то охири моҳи ноябр ва ҳатто баъзе навъи он то сардиҳои сахти зимистон меистад ва муҳити зисти моро зебу таровати хосса мебахшад. Муассисаҳои нигаҳдории роҳҳои пойтахт имрўзҳо ҷиҳати шинонидани қаламчаҳои гули садбарг тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Мояи хушҳолист, ки дар аксар ташкилоту муассисаҳои пойтахт ва ҷумҳурӣ низ шинонидани қаламчаҳои гули садбарг идома доранд. Аз ҷумла, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ин амал алаккай ба анҷом расид. Роҳбарият ва масъулини мактаб имсол дар майдони назди муассисаи таълимӣ масоҳати парвариши гули садбаргро васеъ намуда, қаламчаҳои онро шинониданд.
«Ҳарчанд парвариш ва нигоҳубини гули садбарг назар ба дигар гулҳо заҳматталаб аст, мо кўшиш намудем, ки масоҳати парвариши онро зиёд намоем. Зеро зебоие, ки ин гул ба атроф мебахшад, ба ҳама гуна заҳмат меарзад. Хусусан дар оғози соли нави хониш ин гулҳо дар авҷи шукуфтан қарор дошта, садбаргҳои сурху сафеду гулобӣ саҳни мактабро ба таври хосса ороиш медиҳанд. Мо гули садбаргро дигар намехарем, гулдонҳои синфхонаҳои моро гулҳои садбарги парваришкардаи худамон зеб медиҳанд»,- мегўянд онҳо.
Тавре иброз гардид, имрўзҳо дар тамоми мактабу кўдакистонҳои пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе шинонидани қаламчаҳои гули садбарг идома доранд.
Масъулини кўдакистони № 27-и ноҳияи Шоҳмансур, № 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ ин амалро ба анҷом расонида, дар атрофи муассисаҳои томактабӣ қаламчаи навъҳои гуногуни гули садбаргро шинонидаанд. Роҳбарияти кўдакистонҳо иброз доштанд, ки «дар байни дигар гулҳо- гули садбарг зебоии дигар дорад. Шинонидани он заҳматталаб ҳам бошад, ҳароҷоташ камтар аст. Чунки аз гулҳои дар муассиса мавҷудбуда мо қаламчаҳои онро тайёр намуда, мешинонем».
Дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ҷиҳати васеъ намудани масоҳати парвариши гули садбарг тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар гармхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қаламчаи гули садбарг шинонида шудааст. Муассисаи таълимӣ аз ин қаламчаҳо истифода бурда, дар ҳудуди мактаб ва дар кўчаву хиёбонҳои ноҳия гули садбарг мешинонанд.
Солҳои охир сокинони мамлакат низ дар ҳавлиҳои худ парвариши гули садбаргро ривоҷ додаанд. Дар ҳақиқат, дар манзиле, ки гули садбарг парвариш мешавад, зебу зиннати хосса мегирад ва аз завқи баланди зебоипарастии соҳибаш дарак медиҳад. Баъзе нафарон аз гулҳои садбарг дар пайравии ниёгонамон мураббо тайёр намуда, гулҳои онро ба ҷои чой истифода бурдан хушк менамоянд.
Бо усули қаламча шинонидани гули садбарг қулай мебошад
Гулпарварони ботаҷриба изҳор медоранд, ки парвариш ва афзун намудани гули садбарг тарзҳои гуногун дорад, лекин бо усули қаламча шинонидани он осонтар аст. Бо ин роҳ дар давоми як сол метавонем, миқдори зиёдтари гулҳои зебои садбаргро парвариш намоем. Қаламча намудани гули садбарг аз моҳи ноябр оғоз меёбад.
Тибқи тавсияи коршиносон, барои қаламчаи гули садбарг ҷойи аз ҳар ҷиҳат мувофиқро муайян ва интихоб намудан лозим аст. Парвариши он зери плёнкаи полиэтиленӣ амалӣ шуда, бараш бояд як — ду метр бошад, яъне ба паҳноии плёнка муносиб бояд бошад. Аввал хокро побел карда, ба болои он пору мепошем. Сипас, ҷўяк мекушоем, паҳноии ҷойи қаламчашинонӣ бояд 20 см бошад ва ғунҷоиши чор қатор қаламчаи гули садбарг ба он мувофиқ ояд. Заминро нарм карда, қаламчакуниро оғоз менамоем. Қаламчаро аз гули садбарги кўҳнаи шукуфта гирифта, онро як шабонарўз дар маҳлули перманганати калий нигоҳ медорем. Мақсади коркард бо ин маҳлул эмин доштани буттаҳои гул аз ҳашароти зараррасон мебошад. Пас аз ба анҷом расонидани корҳои зарурӣ ба хоки пештар коркардшуда, қаламчаро гузошта мешинонем.
Гули садбаргро дар гулдонҳо ҳам парвариш менамоянд
Коршиносон ва таҷрибадорон тавсия медиҳанд, ки моҳи феврал мо метавонем аз садбаргҳое, ки буттаҳояшон хеле хурд ҳастанд, қаламча тайёр намуда, дар назди хона шинонем. Баъди 2-3 ҳафта онҳо аввал реша карда, баъдтар баданашон ба сабзиш шуруъ менамоянд.
Гулдонҳои калонтарро дарёфт намуда, дарунашро бо пору ва хок омехта намуда, қаламчаҳоро дар дарунаш ҷойгир мекунем. Ҳар рӯз 2 маротиба об медиҳем, то ин ки решаҳояш дар хок мустаҳкам шавад.
Гулдонҳоро метавонем дар ҷои офтобӣ гузорем. Баъди 2-3 моҳ қадкашиашон зиёд машаванд. Аз 50 см қадашон бояд баланд нашавад. Агар баланд шуд, қайчӣ намудан лозим аст. Дар ин маврид қаламча ба буттазанӣ шурӯъ мекунад. Барои сербаргу зебо будани гулҳояшон шароити офтобӣ ва шамоли форам зарур аст.
Дар аксарияти хонаҳо ба гули садбарг ҳашароти хурди сафед мечаспанд. Қисми поёни баргҳоро назорат бояд намуд, чунки ин намуд ҳашарот баргашро хеле дӯст медорад.
Барои несту нобуд кардани ин намуд ҳашарот собуни сиёҳ ё хокиро майда намуда, дар даруни зарфи шишагин об андохта, омехта месозем. Баъд ба воситаи омехтаи тайёршуда баргҳои осебдидаро мешӯем. Ҳамин усулро 1 ҳафта давом медиҳем, то ин ки ҳашароти зараррасони баргҳо нест шаванд. Дар вақти кам шудани хоки гулдон онро бо пору ва хок таъмин кардан лозим аст.
Пору, хок ба растанӣ қадкашӣ, зебоӣ ва ба решаҳояш қувват мебахшад. Ҳангоме ки гули садбарг дар хонаҳоятон гул менамояд, муҳити хонаро бӯйи хуш ва таровату зебоӣ фаро гирифта, табъатон болида мегардад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«САЙРИ САДА». Барои меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе хатсайри ройгони сайёҳӣ ташкил карда мешавад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
ҶАШНИ САДА — МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН. Он оғози омодагӣ ба Наврӯз буда, табиату инсонро аз зимистон ба баҳорон мерасонад
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ гуна дар шароити хона метавон оиларо бо пиёзи тару тоза таъмин намуд






