МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати иҷрои «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» дар мавзуи «Тарзу роҳҳои таъсирбахши пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» машварат доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
Зимни мулоқот оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳамзамон оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар шуд.
Таъкид шуд, ки пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон- ин маҷмуи чорабиниҳои дастҷамъона ва инфиродии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқию равонӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, падару модарон ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо мақсади ошкор ва бартараф намудани сабабу шароити ба содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мусоидаткунанда амалӣ мешавад.
Барои падару модар омӯзиши касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд мояи ифтихор аст. Ҳамин гуна тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомӯзи падару модар низ барои фарзанд шоистаи ифтихор мебошад. Волидон бобати маълумотнок ва соҳибкасб намудани фарзандон шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда, барои интихоби касбу ихтисоси ба онҳо писанд бояд мусоидат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2011 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст. Қонун аз муқаррароти умумӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, уҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар парасторӣ ва таъмини маишати падару модар, уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилоте, ки масъалаҳои вобаста ба тарбияи кӯдакро танзим менамоянд, чораҳои пешгирӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзанд ва муқаррароти хотимавӣ иборат мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






