МО ВА ТАЪРИХИ МО. Давлати Сомониён чун намунаи ниҳоят назарраси давлатдории тоҷикон дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст

Декабрь 2, 2023 11:55

ДУШАНБЕ, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба таҳқиқу омӯзиши таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик боз ҳам вусъати тоза пайдо намуд. Арҷгузорӣ ба дастовардҳои таърихию фарҳангии миллат, таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ ва ҷашни ёдгориҳои нодир ва чеҳраҳои мондагори таърихӣ, қабули барномаҳои мукаммали давлатӣ баҳри ҳифзу нигаҳдошти осори бостонию фарҳангӣ, муаррифии мероси гаронбаҳои таърихӣ дар дохил ва беруни мамлакат боиси бедорӣ ва худшиносии аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ гардиданд.

Дар таърихи халқи тоҷик Давлати Сомониён чун намунаи ниҳоят назарраси давлатдории тоҷикон дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст.

Дар китоби олим, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳайдаршо Пирумшо «Давлати Сомониён дар тарозуи таърихнигорӣ», ки соли 2020 нашр шуд, муаллиф ба рушди бемайлони омӯзиши таъриху фарҳанги аҳди Сомониён дар таърихнигории миллии замони истиқлолияти комил диққати махсус дода, дастовардҳои илмӣ ва дурнамои омӯзиши масъаларо пешниҳод намудааст.

-Воқеияти замони муосир-давраи авҷи худшиносӣ, таърихогаҳӣ ва рушди бесобиқаи ифтихори миллӣ, ки тавассути истиқлолияти комил чун атои тақдир ба миллати куҳанбунёду тамаддунсоз-тоҷикон насиб гардидааст, зарурати ҳарчӣ бештар ба таъриху фарҳанги ифтихорбахши авлодон, хосатан ба хориқаи давлатдории Сомониён шиносоӣ доштанро пеш меорад.

Давлатдории Сомониён чун замони тақдирсози ташаккули комили халқият ва давлатдории тоҷикон дар таърихи ин халқи қадимтарину азалии минтақаи Осиёи Марказӣ ба мақоми хоссаи ниҳоят ифтихорбахш соҳиб шудааст. Давлати Сомониён на танҳо барои тоҷикон, ҳамчунин барои тамоми давлату халқияти Осиёи Марказӣ ва паҳнои Шарқ намунаи баланди давлатдорӣ ва тамаддунофарӣ шинохта мешавад. Аз ҳама муҳим, ин зинаи пурфайзи таърихиро олимон чун анҷоми раванди ташаккули халқияти тоҷик ва таъсиси давлатдории мустақили ин мардуми азалии минтақа тасдиқ намудаанд.

Вале ин маънои онро надорад, ки таърихи давлатдории тоҷиконро маҳз ба замони Сомониён маҳдуд намуд. Халқи тоҷик то давраи Сомониён силсилаи давлату давлатдориҳоро бунёд гузошта, дар Осиёи Миёна чун қадимтарин миллат шинохта шудааст ва саҳифаҳои нахустини фарҳангу тамаддуни аҳди қадимро дар ин сарзамин поягузорӣ намудааст.

Маълум аст, ки ташаккули халқият дар заминаи давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ неруманд, мутамарказу мутамаддин ва сохтори идорию маъмурии ба талаботи фарҳангии замон ҷавобгӯ вобастагии ҳалкунанда дорад. Аҳди Сомониён намунаи баланди чунин давлатдорӣ ҳисоб меёфт. Доир ба дараҷаи бесобиқаи дастовардҳои кишоварзӣ, ҳунармандию тиҷоратии давлати Сомониён таълифоти зиёде рӯи кор омадаанд. Ҳамчунин хусусияти хоси идоракунии маъмурӣ, ки эътидоли сиёсию маъмурии давлатро таъмин мекарданд, ба рушди фарҳанг заминаи мусоид фароҳам овард.

Давраи ниҳоии ташаккули давлатдории халқи тоҷик ба куллӣ ба давлати Сомониён марбут аст, ки давоми асрҳои |X-X ба туфайли баъзе воқеаҳои таърихӣ ба дунё омад. Давлати Сомониён омили муҳимми таъриху тамаддуни шарқ ва ҷаҳон гардид. Сомониён ба халқ шароити мусоиди зиндагӣ ва кор муҳайё сохта, боварии мамлакатҳо ва халқҳои дуру наздикро ба ҳамкории серсоҳаи мутақобилан муфид дар тамоми ҷодаи Роҳи бузурги абрешим, хусусан дар соҳаҳои тиҷорат, муомилоти байналхалқии мол, мубодилаи фарҳанг тақвият дода, халқи тоҷикро ба саҳнаи тамаддуни ҷаҳонӣ баровард.

Раванди этникие, ки ҳанӯз аз давраҳои қадим дар Осиёи Миёна ҷараён гирифта буд ва ба доираи он суғдиён, хоразмиён, фарғониён, бохтариён ва ғайра шомил буданд, ба қаробати этникию забонии онҳо нигоҳ накарда, то давраи Сомониён ҳолати парокандагии худро нигоҳ медоштанд. Маҳз дар давраи Сомониён заминаи мусоид барои ташаккули пурраи халқи тоҷик фароҳам омад.

Ҳамин тариқ, дар асрҳои IX-X дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти этнофарҳангие ташаккул ёфт, ки асосан ба тоҷикон муносибат дорад. Забони тоҷикӣ пурра шакл гирифт. Барои рушди бемайлони адабиёти классикии тоҷик  асоси боэътимод пайдо шуд. Бо ин забон шоҳасарҳои оламшумули адибони тоҷик офарида шуданд.

Дар аҳди Сомониён осори бадеӣ, таърихӣ ва равияҳои гуногуни илмии Мовароуннаҳру Хуросон дар Эрони Ғарбӣ, Ҳиндустон ва мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна паҳн шуда, шуҳрати муаллифон ва пешсафони равияҳоро ба дуриҳо мебурданд.

Аҳли адаби шуҳрати ҷаҳонӣ пайдокардаи тоҷикон Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Абӯмансур Муҳаммад ибни Аҳмади Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ далели раднопазире аст аз ташаккули пурраи забони ноби тоҷикӣ. Албатта, дар ин раванд метавон аз шоирони асрҳои X ва ибтидои X| Имораи Марвазӣ, Абулҳасани Оғочӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Башшори Марғазӣ, Қамарии Ҷурҷонӣ ва дигарон ёдовар шуд, ки дар адабиёти замони Сомониён саҳм гузоштанд. Китобҳои «Абӯмуслимнома», «Искандарнома», «Доробнома», «Самаки айёр» бо забони тоҷикӣ таълиф шуда, ба доираҳои васеи хонандагон дастрасӣ доштанд.

Ба забони арабӣ тарҷума шудани дастовардҳои илмии ҷаҳонӣ, табиӣ аст, ки ба раванди суръатбахши фарҳангии тоҷикон дар давраи Сомониён бетаъсир буда наметавонист. Бесабаб набуд, ки тоҷикони аҳли илму адаби Мовароуннаҳру Хуросон бисёре аз осори худро ба забони арабӣ навишта, бо ин васила ба доираҳои фарҳангии умумибашарӣ ворид гардидаанд. Ин дар осори илмии риёзидону мунаҷҷим Абӯҷаъфар Муҳаммад ал-Хоразмӣ, файласуфи барҷаста Абӯнасри Форобӣ, донишманди улум Абӯали Ибни Сино ва дигарон, ки зодаи ин асри фарҳангхези тоҷик ҳисоб меёбанд, равшан ба назар мерасад.

Давлати Сомониён чун намунаи ниҳоят назарраси давлатдории тоҷикон дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз замони асри ҳастӣ намудану ба авҷи аълои қудратмандӣ расидан ва асрҳои баъди суқути он ҳамеша дар мадди назари таърихнигорон, ҷуғрофиёшиносон ва донишмандони дигар равияҳои илмӣ қарор дошт.

Осори ниҳоят зиёди дар замони Сомониён ва баъди суқути давлатдории онҳо офаридашуда чун сарчашмаи боэътимод барои муҳаққиқон то кунун қимати маъхазии худро нигоҳ медоранд. Дар заминаи осори дастрасшудаи онҳо шарқшиносони русу Аврупои Ғарбӣ, муҳаққиқони шуравӣ ва муаррихони муосири ватаниву хориҷӣ омӯзиши илмии масъаларо ба зинаи муқоисанашаванда бардоштаанд. Вале раванди дар замони муосир суръатгирифтаи таҳқиқоти  ин хориқаи бузурги давлатдории тоҷикон, ҳар чӣ бештар уфуқҳои то кунун ноаёни шукуҳу шаҳомати салтанатронии намунавии сиёсиву маъмурӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати Сомониёнро нишон диҳад ҳам, зарурати  боз бештару ҷиддитар ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуданро пеш меорад.

Вақти он расидааст, ки муаррихони ватанӣ ва олимони бурунмарзии ба усулҳои ҳақиқатбаёнии таърихӣ содиқ ба омӯзиши маҷмуии масъала ҷиддан машғул шуда, нақши тамаддунофарии ин падидаи таърихии халқи тоҷикро ҳар чӣ бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2023 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЛОҚОТИ ОЯНДАСОЗИ ИЛМУ МАОРИФ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад»
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳомиёни содиқи марзи Ватан ва муҳофизони боэътимоди оромиву осудагии ҷомеаро мебинанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ҳарбиро бояд аз ҳисоби сарбозони донову зирак, ҳушёру тануманд ва ватандӯсту фаъол интихоб намуд»
Президенти Тоҷикистон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо: «Дурӯягӣ ва бетарафию бепарвоӣ накунед, намунаи ибрат бошед, зеро мардум ба шумо мувофиқи рафтору гуфторатон баҳо медиҳанд»
15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»