Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалии соҳаи маориф дар шаҳри Занзибари Танзания иштирок намуд

Декабрь 5, 2023 18:15

ДУШАНБЕ, 05.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Занзибари Танзания ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оғоз гардид, ки дар он дар баробари як зумра вазирони маорифи давлатҳои гуногун Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамчун узви алтернативии Шуро иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф масъалаҳои маблағгузории соҳаи маориф, тағйирот дар ҷараёни аккредитатсия, истифодаи мақсадноки маблағҳо, ҳамкорӣ дар самти таълим, самаранокии фаъолияти ташкилоти гуногун, дастрасӣ ба таҳсил, муҳлати фаъолияти директори Шуро ва муовини он ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Интизор меравад, ки ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф то 6 декабр давом намояд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 86 миллион доллар ҷудо гардид, ки аз он 25 миллион доллар грант буда, рӯзҳои наздик марҳилаи азхудкунии он шуруъ мегардад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2023 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд