ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар Турсунзода корҳои асфалтпӯшкунӣ ва ивазнамоии сутунпояҳои хати барқи фарсудашуда идома доранд

Декабрь 1, 2023 09:35

ДУШАНБЕ, 01.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорону сокинони деҳаи дурдасттарини Ҷамоати деҳоти Навобод-деҳаи Анҷир асфалтпӯшкунии 1,1 км роҳи байнидеҳавӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии пули мошингузар байни деҳаҳои дурдасти Анҷир ва Канораи Ҷамоати деҳоти Навобод шинос шуда, ба сохтмончиён ва сокинони деҳа барои ташаббус ва ободии маҳалашон изҳори сипос намуд.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд, корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Работ низ бо маром идома дошта, сокинони деҳа барои иваз намудани 120 сутунпояҳои хати барқи фарсудашуда ба сутунпояҳои оҳанию бетонӣ шуруъ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 1, 2023 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад