Оид ба таҳияи нақшаҳои генералии сайёҳии шаҳри Душанбе, минтақаҳои атрофи он, Панҷакент ва минтақаҳои кӯҳҳои Фон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳо ва нақшаҳои кории ширкатҳои машваратӣ барои таҳияи «Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он» ва «Нақшаи генералии сайёҳии Панҷакент ва минтақаҳои кӯҳҳои Фон» муаррифӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш намояндагони ширкатҳои машваратии «HIDRIA Ciencia ambiente y desarollo S.L.»-и испанӣ ва «KEIOS Consulting»-и итолиёвӣ оид ба ҳадафҳои минбаъдаи худ дар мавриди таҳияи нақшаҳои генералии сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва минтақаҳои атрофи онҳо маъруза намуданд.
Тавре таъкид гардид, минбаъд бо муваффақият тарҳрезӣ намудани нақшаҳои сайёҳии шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва минтақаҳои атрофи онҳо аз ҳамкории зич ва ҳамоҳангии дуруст бо сохторҳои марбута вобастагии калон дорад. Бинобар ин аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва мақомоти маҳаллии шаҳру навоҳии мамлакат даъват шуд, ки дар давраи татбиқи ин лоиҳаҳо ҳамкории худро бо ширкатҳои машваратӣ ҷоннок намоянд.
Ширкатҳои машваратӣ тибқи нақша, бо мақсади аз наздик шинос шудан бо шаҳру навоҳии шомили минтақаҳои татбиқи лоиҳа ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Норак, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва навоҳии атрофи шаҳри Душанбе сафар намуданд. Инчунин онҳо дар ҳошияи ин сафар бо Раиси вилояти Суғд, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки нақшаҳои генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он ва шаҳри Панҷакент ва минтақаҳои кӯҳҳои Фон дар доираи Лоиҳаи рушди сайёҳӣ тавассути ширкатҳои машваратии «HIDRIA Ciencia ambiente y desarollo S.L.»-и испанӣ ва «KEIOS Consulting»-и итолиёвӣ амалӣ мегардад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






