ҶОМИ КФО-2023/24. Имрӯз дар Душанбе «Равшан»-и Тоҷикистон бо «Алтин Асир»-и Туркманистон бозӣ менамояд

Декабрь 14, 2023 11:25

ДУШАНБЕ, 14.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» байни дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз бозӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои футболи «Равшан» ва «Алтин Асир» ҷаласа доир шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилӣ баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ шуд. «Равшан» бо либоси сурх ва футболбозони «Алтин Асир» бо либоси кабуд ба майдон мебароянд.

Пас аз ҷаласа нишасти матбуотӣ доир гашт, ки дар он сармураббии «Равшан» Тоҳирҷон Муъминов, капитани даста Холмурод Назаров ва аз ҷониби «Алтин Асир» сармураббӣ Язгулӣ Хоҷагелдиев ва ҳимоятгар Сердар Аннаоразов иштирок намуданд. Дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон ҳарду мураббӣ таъкид намуданд, ки дастаҳояшон танҳо барои ғалаба мубориза хоҳанд бурд.

Ҷоми КФО-2023/24

Минтақаи марказӣ 

Гурӯҳи «Е». Даври 6

14 декабр (панҷшанбе)

«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Оғоз – соати 19:00

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 14, 2023 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни Тоҷикистон дар III Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» 35 медал ба даст оварданд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид