Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо нақшаи сохтмони биноҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав шинос шуданд

Декабрь 22, 2023 13:40

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нақшаи биноҳои нави Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав шинос шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойи бунёди Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои навро муайян ва ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки тавассути такмил додани лоиҳа тамоми шароит барои  фаъолияти кормандони соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва саноат фароҳам оварда шавад.

Бинои нави Вазорати маориф ва илм бо назардошти фароҳамсозии шароити хуби фаъолият барои зерсохторҳои вазорат сохта шуда, имкон медиҳад, ки тамоми кормандон дар як ҷой муттаҳид ва пешбурди фаъолият мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ таъмин  шавад.

Бинои нави Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ бо санъати баланди меъморӣ сохта шуда, дорои ҳуҷраҳо барои фаъолият ва толорҳои барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳо мебошад.

Баъди бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам мешавад, ки кормандон аз шароити замонавӣ барои фаъолият, аз ҷумла ҳуҷраҳои мувофиқ барои кор, толорҳои барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун баҳравар шаванд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти муҳташами замонавӣ соҳибкорону сармоягузорон аз имконияти мусоиду сатҳи баланди хизматрасонӣ баҳравар мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори соҳа супориш доданд, ки сохтмони биноҳои нави вазоратҳоро бо назардошти сохти баланди меъмории замонавӣ, босифат ва мусоид барои фаъолият ба анҷом расонанд.

Дар айни замон дар шаҳри Душанбе сохтмони бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки соли 2024 ба истифода дода мешаванд.

Ҳоло дар асоси нақшаи генералӣ мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ бунёди иншооти гуногуни маишию хизматӣ дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, ки аз рушди босуръати маркази Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳодат дода, ба ҳамин восита ба пешрафти дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ замина гузошта мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самти татбиқи нақшаҳои Ҳукумати мамлакат, таҳкими созандагиҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зиндагӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт намунавӣ арзёбӣ намуда, роҳбарияти шаҳри Душанберо барои ҳамин гуна таъмин намудани раванди бунёдкориҳо, беҳтар намудани шароит ҷиҳати кору хизматрасонӣ ва омодагии комил ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор намуданд.

Шиносоӣ бо нақшаи сохтмони бинои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав 22.12.2023

Декабрь 22, 2023 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик