Президенти Тоҷикистон: «Дар соҳаҳои иқтисоди мамлакат ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойи нави кор бояд таъсис дода шавад»
ДУШАНБЕ, 28.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар панҷ соли охир 8,4 фоиз зиёд гардидааст. Инчунин суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки тибқи супоришҳои қаблӣ дар соҳаҳои иқтисоди мамлакат ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шавад. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён намуданд.
«Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили мамлакат ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад. Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад»,-иброз доштанд Сарвари давлат.
Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ дар ин самт масъулияти бевосита доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶумҳурииТоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид






