Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршадро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 04.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршадро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар бомаром густариш ёфта, рӯз аз рӯз уфуқҳои нав касб менамоянд.
Аз робитаҳои судманд бо Фонди Саудии Рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Фонд минбаъд низ ба таври назаррас густариш хоҳанд ёфт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот робитаҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи тарҳҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об, муҳокима карданд.
Таъкид гардид, ки афзоиши истеҳсоли “неруи сабз” барои пешбурди “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон заминаи мусоид мебошад ва ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар ин самт имкониятҳои фаровон мавҷуд аст.
Зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории кишвари мо, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт зарур шумурда шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






