Роҳбарони корхонаҳои саноати нассоҷию мудофиа ва мошинсозии Туркия ба Тоҷикистон даъват шуданд

Декабрь 1, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 ноябр дар вилояти Измир вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо раиси Палатаи саноатии минтақаи Эге Эндер Ёрганҷилар баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар медиҳад.  

Ҷонибҳо вобаста ба имконияти тақвияти ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, алалхусус саноат, сайёҳӣ ва кишоварзӣ ибрози назар намуданд.

Инчунин дар ҳошияи сафар роҳбари намояндагӣ ба Минтақаи муташаккили саноатии «Торбали» рафта, бо роҳбарият ва субъектҳои он мулоқот анҷом дод.

Зимнан роҳбарияти корхонаҳои саноати нассоҷию мудофиавӣ ва мошинсозӣ ба Тоҷикистон даъват гардид.

Дар доираи вохӯриҳо ба иштирокчиён рӯнамо ва наворҳои ҷолиб оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва обӣ-энергетикӣ манзур шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Декабрь 1, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ менамояд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид