Русия омода аст аз Тоҷикистон гӯшти мурғ, тухм, хушкмева ва маҳсулоти заргарӣ харидорӣ намояд

Декабрь 6, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкат ва корхонаҳои Федератсияи Русия омодагиашонро барои ҳамкорӣ ва харидории гӯшти мурғ, тухм, хушкмева, маҳсулоти заргарӣ, меваҷоту сабзавот, обу нӯшокиҳо ва воридсозии сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд изҳор намуданд. Дар ин хусус зимни вохӯрии ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону доираҳои тиҷоратӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия хабар дода шуд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ҳадафи сафари ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Федератсияи Русия- анҷом додани мулоқоти судманд бо соҳибкорону доираҳои тиҷоратӣ дар шаҳри Санкт-Петербург буд.

Дар доираи сафар ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарони ширкатҳои маъруф, аз ҷумла «Лента», «Токио сити», «Акрос», «ЮМО» мулоқот намуда, оид ба имконияти мавҷуда дар вилояти Суғд, вазъи соҳаҳои иқтисод, саноати сабук, металлургия, коркарди маҳсулоти заргарӣ, кишоварзӣ, боғу токпарварӣ ва моҳипарварӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Таъкид гардид, ки вилояти Суғд дорои имконияту захираҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд ҳаҷми гардиши савдоро беҳтар намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 6, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд