САФЕДДАРА- ЯГОНА МАШҚГОҲИ ВАРЗИШИИ ЗИМИСТОНА. Барои ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ин мавзеъ иншооти муҳими соҳа бунёд гардидаанд

Декабрь 31, 2023 11:28

ДУШАНБЕ, 31.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан хабар додем, 29 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити кору хизматрасонии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» шинос шуда, марҳилаи дуюми роҳи танобиро мавриди истифода қарор доданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити созгори бахши сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дар мавзеи «Сафеддара» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафеддара» якчанд иншооти муҳими соҳаи сайёҳӣ бунёд гардида, сохтмони дигар инфрасохтор идома дорад.

Баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар ободу зебо гардонидани ин минтақаи дорои табиати нотакрори диёр баҳои баланд доданд. Ҳамзамон ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеъ, ҷалби бештари сайёҳону меҳмонон, тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат, ба сатҳи байналмилалӣ баровардани хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва таъмини лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ ва роҳҳои танобӣ тадбирҳо андешанд.

Бояд гуфт, ки «Сафеддара» ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон мебошад. Маҷмаа дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст. Иқлиму мавқеи ҷуғрофии ин минтақа дар дараи Такоби ноҳияи Варзоб имкон медиҳад, ки барф дар ин ҷо то моҳи май об нашавад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 иброз намуда буданд, «мавзеи хушманзараи Сафедорак, ки дар минтақаи сайёҳии ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, дорои имконияти васеъ дар самти истироҳату фароғат ва рушди туризми сайёҳӣ ва варзишӣ мебошад».

Дар ин мавзеъ баҳри таҳким ва рушди навъҳои варзиши зимистона инфрасохтори зарурии мавзеъ ва мактаби варзишии лижаронӣ бунёд шудааст.

Муҳайё намудани шароити хуби хизматрасонӣ дар мавзеъҳои истироҳату фароғати мамлакат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, муаррифии шоистаи табиати зебо ва пеш аз ҳама, таъмини сулҳу оромӣ дар мамлакат имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ дар қатори мамлакатҳои аз ҷиҳати қабули сайёҳон пешрафтаи олам мақоми арзанда пайдо намояд.

Бо мақсади рушду инкишофи варзиши лижаронӣ дар мамлакат ва ҳамзамон бо ин омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш дар мавзеи Сафедорак маркази варзишӣ бо 60 ҷойи нишаст бунёд шудааст. Он имконият медиҳад, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз шароити беҳтарини муҳайёшуда таҳсилу тамрин намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд.

Ҳамчунин дар ин мавзеъ меҳмонхонаи замонавӣ барои қабули то 240 меҳмон, маркази солимгардонӣ ва толори баргузории конфронсҳо барои 120 нафар амал менамоянд. Инчунин дар ҳудуди маҷмаа 10 коттеҷи 1 ва 2-ошёнаи сохти замонавӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, 6 адад аз маҳсулоти муосири сохтмонӣ ва 4 адади дигар аз чӯби гирдшакл бо услуби аврупоӣ сохта шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки сайёҳии дохилӣ барои огоҳии комил пайдо намудани сокинон аз имконоти гардишгарии мамлакат, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас мерасонад. Муҳим аз ҳама, боздид ва шиносоӣ бо мавзеъҳои нодир ва беназири сайёҳии мамлакат ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандӯстиро боло бурда, ваҳдати миллиро боз ҳам устувор мегардонад.

Ба раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии сабтшуда ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиат мусоидат менамоянд.

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқ гардонидани маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ мунтазам тадбир меандешад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сафеддара»-и ноҳияи Варзоб

Декабрь 31, 2023 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе барои кормандони соҳаи сайёҳӣ даврҳои омӯзишӣ оғоз шуданд
Таҳти унвони «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии сайёҳӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои меҳмонон хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда мешаванд
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштироки беш аз 1000 намоянда дар назар дошта шудааст
Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтааст
Мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Данғараро беш аз 18 ҳазор сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намудаанд
«ГУЗАРГОҲИ САЙЁҲОН». Таъсиси мағозаи армуғонҳо дар Левакант барои муаррифии ҳунари тоҷикон иқдоми саривақтӣ аст
Падару модарон уҳдадоранд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак иҷро намоянд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Ба ин муносибат дар Осорхонаи миллӣ 30 барномаи гуногуни фарҳангӣ пешниҳод мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид аст
Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад
Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» Саидвалӣ Тоиров: «Шиори мо дар зиндагӣ намунаи ибрат будан аст»