«САХӢ ДАР ҲАРДУ ОЛАМ САРБАЛАНД АСТ…». Соҳибкор Маҳмуд Муродов ба оилаи афсарону хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои қудратии шаҳри Душанбе кумаки моддӣ расонид

Декабрь 25, 2023 15:06

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмуд Муродов ба оилаи афсарону хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе маводи хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва дигар кумакҳои моддӣ расонида, ҳамзамон хӯроки яквақтаина ташкил намуд. Дар ин хусус хабарнигорони АМИТ «Ховар» хабар медиҳанд.

Бояд гуфт, ки чунин амали инсонпарварона ва наҷиб чун иқдоми шоднамоӣ ва руҳбаландкунанда дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад.

Дар заминаи ин тадбирҳои фараҳбахш дар қисмҳои ҳарбии тобеи вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои сарҳадӣ хон ороста, баҳри болидаруҳии сарбозону афсарон ҳамзамон барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.

Ба хотири руҳбаланд намудани афсарону сарбозони шуҷои Ватан, аз ҷумла хизматчиёни қисми низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарбаландона адои хизмат менамоянд, дар баробари оростани дастурхони пурнозу неъмат ба хизматчиён дастовези гуногун дастрас гардид.

Ҳамзамон бо сарбозону афсарон суҳбати самимӣ доир шуда, моҳияти афзалияти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат оид ба фароҳам овардани шароити муосири хизмат барои сарбозону афсарони содиқи Ватан фаҳмонида шуд.

Дар ҳамин шакл дар ду қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин амалҳои хайрхоҳона бо ташкили ҷамъомадҳо гузаронида шуда, бо шиносоии шароити будубош ва имконоти самарабахши хизмати ҳарбӣ тадбирҳои маишӣ, аз ҷумла дастурхони хос ороста шуд.

Амалҳои фараҳбахш ҳамзамон дар қисми ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ амалӣ шуда, дар вохӯрӣ бо сарбозону афсарон бобати таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар самти ба зинаи нав баровардани сатҳу сифати хизмат ва имконоти будубоши хизматчиён, ки дар маҷмуъ ба таҳкими иқтидори муҳофизати Ватан равона шудаанд, суҳбатҳо баргузор гардид.

Дар идомаи ҳадафҳои беҳдоштӣ дар якчанд қисмҳои ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмуд Муродов корҳои хайр амалӣ шуданд. Аз ҷумла, дар заминаи нақшаи руҳбаландкунанда дар қисми ҳарбии Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ташкили чунин чорабинӣ бо густурдани хон дастовардҳои беназири ин ниҳоди муҳофизатӣ ёдовар гардид.

Бо назардошти муҳайё сохтани имконоти муосир ва мутобиқ намудани сатҳу сифати хизмат ҳоло шароит дар қӯшунҳои сарҳадӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида шудааст.

Ҳоло иқтидори мудофиавии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибтахассуси ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ хеле мустаҳкам гардидааст.

Замони соҳибистиқлолӣ барои марзбонони тоҷик, хосса нуктаҳои сарҳадӣ, ки дорои отрядҳои пуриқтидор мебошанд, давраи мутобиқшавӣ ба меъёрҳои муосир ва комилгардонӣ аст.

Дар раванди мутобиқсозии низоми фаъолияту хизмат дар дидбонгоҳҳо ва қисмҳои сарҳадӣ нахуст барои хизматчиён хобгоҳ, утоқҳои замонавии кори афсарон, ошхона, ҳаммом, хонаи фароғатӣ, мошинсаро бо техникаҳои муосири ҳарбиву навигатсионӣ ва майдонҳои варзишӣ бунёд гардиданд.

Имрӯз тадбирҳои маишиву иҷтимоӣ дар раванди тайёр намудани мутахассисон ва пуррасозии саф бо афсарони касбӣ бо ифтихор амалӣ гардида, дар ҷараёни он масъалаи якдиливу ҳампаймонӣ аз рӯи ҳамоишҳои маърифатӣ тарғиб мегарданд. Ин аст, ки дар қисми ҳарбии Комендатураи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ корҳои тарғиботӣ гузаронида шуда, барои аҳли хизмат — сарбозон ва афсарон чорабиниҳои маишӣ-маърифатӣ татбиқ гардиданд.

София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2023 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»