Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассо мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонк барои ҳамкории пайваста ва судманд сипос гуфта, изҳори итминон намуданд, ки ҳамкориҳои ду ҷониб минбаъд низ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла маблағгузории лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон босамар идома хоҳад ёфт.
Нақши Бонк дар таҳкими бахши молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ дар кишвари мо назаррас маънидод гардид.
Бо дарназардошти раванди таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳамаи ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ҷаҳон изҳори умед карда шуд, ки ба тадбирҳои муштарак ҷиҳати муқовимат дар баробари ин таҳдидҳо аҳамияти хоса хоҳанд дод.
Баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, алалхусус дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ аз самтҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






