Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифаро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои тавсеаи он байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Хазинаи ОПЕК густариш ёфта, ба таъмини рушди устувори мамлакат нигаронида шудаанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкориро дар самти татбиқи тарҳҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва энергетика муҳокима намуданд.
Таъкид гардид, ки афзоиши истеҳсоли неруи “сабз” барои пешбурди иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистон заминаи мусоид мебошад ва ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар ин самт имконияти фаровон мавҷуд аст.
Зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории мамлакати мо, аз ҷумла дар соҳаҳои гуфташуда зарур шумурда шуд.
Изҳори итминон гардид, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имконияти мавҷуда истифода мешавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






