Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Қабл аз оғози ҷаласаи Шуро ҳайатҳо бо Намоишгоҳи байналмилалии «Русия» шинос шуда, ҷиҳати табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҷонибҳо муфид изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар оғози ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба таври видеоӣ суханронӣ намуда, баргузории ҷаласаи Шуро ва таҳкими робитаҳоро дар самту соҳаҳои гуногун байни давлатҳои аъзо муҳим арзёбӣ намуд.
Зимни ҷаласа аз робитаҳо натиҷагирӣ ва роҳҳои минбаъдаи рушди он мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо назардошти манфиати ҳамаи ҷонибҳо ба роҳ монда шудааст ва дар доираи ҳадафҳои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳод таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои иқтисод, саноат ва маорифу фарҳанг ҷалб намуд.
Омодагии Тоҷикистон барои баргузории Форуми панҷуми олимони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли оянда аз иқдоми хоссаи Роҳбари давлати Тоҷикистон дар доираи таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ арзёбӣ шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва фаъолияти худро дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баланд арзёбӣ менамояд ва густариши ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмон дар сиёсати хориҷии мамлакат нақши муҳим дорад.
Таъкид шуд, ки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз шарикони асосии тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Зимни ҷаласа сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои кунунӣ ва дурнамои ҳамкориро дар доираи ҳадафҳои Сарони давлатҳо муҳокима ва ҷиҳати таҳкими робитаҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Дар охири ҷаласа санади нави ҳамкорӣ оид ба дурнамои ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ба имзо расонида шуд.
АКС аз Кумитаи иҷроияи ИДМ








Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид






