Ширкати «Masdar» дар Тоҷикистон лоиҳаҳои энергияи барқароршавандаро бо иқтидори умумии 1000 МВт татбиқ менамояд

Декабрь 6, 2023 11:08

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28), ки имрӯзҳо дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб идома дорад, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори генералии ширкати «Masdar» -и Аморати Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Ҷамил Ал Раҳамӣ мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро бо ин ширкат дар соҳаи энергетика баррасӣ намуд.

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки моҳи сентябри соли равон байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Masdar» -и Аморати Муттаҳидаи Араб Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Тибқи он ширкати «Masdar» дар Тоҷикистон лоиҳаҳои манбаъҳои энергияи барқароршаванда (неругоҳҳои барқи обӣ ва неругоҳҳои бодӣ)-ро бо иқтидори умумии 1000 МВт татбиқ менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки корҳоро дар асоси ин Ёддошти тафоҳум ҷоннок намоянд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2023 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд