Сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода 200 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинониданд

Декабрь 20, 2023 15:43

ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода дар маъракаи умумишаҳрии ниҳолшинонӣ иштирок намуда, дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода зиёда аз 200 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинониданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз 17 декабр дар ҳудуди шаҳру деҳоти Турсунзода маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, сокинони шаҳру деҳот ва ҷомеаҳои меҳнатӣ таҳти шиори «Як рӯзи ниҳолшинонӣ» дар сарсабзиву хуррамгардонии диёр саҳм мегузоранд.

Дар маҷмуъ дар доираи маъракаи «Як рӯзи ниҳолшинонӣ» дар ҳудуди шаҳру деҳот шинонидани зиёда аз 12 ҳазор ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ба нақша гирифта шудааст, ки ба хуррам гардонидани Ватанамон мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 20, 2023 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд