ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, панҷшанбе, 341-умин рӯзи соли 2023 аст

Декабрь 7, 2023 08:00

7 декабри соли 2005  бо иштироки Сарони давлат ва ҳукуматҳои 54 мамлакати олам, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаҳри Маккаи Мукаррамаи мамлакати Арабистони Саудӣ иҷлосияи фавқулодаи Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид. Дар хотимаи мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмон санади ниҳоӣ бо номи рамзии «Баёнияи Макка» қабул гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 аввалин маротиба хатсайри нави «Душанбе–Оренбург–Душанбе» ба роҳ монда шуд.

***

7 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон -муқобили маводи мухаддир» баргузор гардид.

***

Соли 2011 дар идораи Минтақаи озоди  иқтисодии «Суғд» ду корхонаи дигар – ҶММ «Зарафшон» ва ҶММ «Равзана Пластик» сабт шуд.

***

7 декабри соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Маркази худогоҳии бонувони шаҳри Душанбе» -и назди ҳукумати шаҳри Душанбе консерти «Душанбе – шаҳри амн ва дӯстдоштанӣ» доир шуд.

***

7 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо оид ба масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ҳайати расмии Тоҷикистон бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби Арабистони Саудӣ мулоқот ва вазъи ҳамкории дуҷонибаи соҳавиро баррасӣ намуд.

***

7 декабри соли 2018 дар Душанбе машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуданд.

7 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД

Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти молия.

***

Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ

***

Дар Арманистон – Рӯзи ёдбуди қурбониёни бар асари заминларза ҳалокгардида

Декабрь 7, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш