ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ҲОЛАТИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор шуд

Декабрь 16, 2023 08:38

ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо» ва бахшида ба амалигардонии Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид — «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази омӯзиши пиряхҳо хабар доданд.

Дар конфронс намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ЮНЕСКО, шарикони рушди Швейтсария, Донишкадаи геофизикии баландкӯҳ ва дигар олимони дохилу хориҷи мамлакат иштирок намуданд. Дар он ҳамчунин зиёда аз 15 намояндаи хориҷӣ иштирок намуда, маърузаҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Самтҳои асосии фаъолияти конфронс- ин усулҳои муосири таҳқиқоти криосфера, пиряхҳо ва қабати барф; ҳолати ҳозираи криосфера, яхбандӣ, пиряхҳо ва захираҳои обӣ; тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо; усулҳои омӯзиши гидрохимиявӣ, радиоизотопӣ ва баҳодиҳии пиряхҳо ва сифати обҳои ҷорӣ аз пиряхҳо; офатҳои табиӣ марбут ба барф, пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва роҳҳои кам намудани хисорот ба хоҷагии халқ; таъсири ҳолати экологӣ, санитарӣ ва муҳити зист ба пиряхҳо ва ҳолати яхбандӣ буданд.

Дар конфронс олимон иброз доштанд, ки ҳолати пиряхҳо, баҳодиҳии онҳо дар раванди тағйирёбии иқлим ва роҳҳои коркарди ҳифзи пиряхҳо аҳамияти хос доранд. Зимни маърузаҳо натиҷаҳои аввали андозагирии ғафсии пиряхҳо ва алалхусус пиряхи Федченко оварда шуданд, ки давоми 50 соли охир чунин маълумот вуҷуд надошт.

Нотиқоне, ки доир ба тавозуни массаи пирях маъруза доштанд, исбот намуданд, ки он тавсифи манфӣ дорад, яъне обшавии пирях аз аккумулятсияи он зиёдтар ба назар мерасад.

Яке аз самтҳои муосири таҳқиқот, ки натиҷаҳои гузаронидани он тариқи маърузаи илмӣ пешкаш шуда буд, ин омӯзиш ва ба даст овардани маълумот доир ба ҳолати яхбандии доимӣ дар болооби дарёи Зарафшон ва Варзоб буд. Инчунин Маркази омӯзиши пиряхҳо системаи омӯзиши радиозотопии Осиёи Марказиро ба тариқи доимӣ дар асоси лабораторияи сифати об, санитария ва изотопҳо амалӣ  менамояд.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 16, 2023 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст