«ТИЛЛОИ САФЕД». Фалла устухонро боқувват ва системаи асабро беҳтар месозад

Декабрь 24, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Фалла (творог) маҳсулоти ширии ферментшудае аст, ки дар асоси шир ва хамир тайёр шуда,  манбаи асосии витаминҳои В ва калсий, макро-микроэлементҳо ва миқдори зиёди моддаҳо мебошад. Он устухонро боқувват, системаи асабро беҳтар ва резиши мӯйро барқарор месозад.

Ба гуфтаи доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов, «инсон бояд дар як шабонарӯз аз 25 то 50 грамм творог истеъмол намояд. Творог дорои миқдори зиёди калсий дар шакли осон ҳазмшаванда, инчунин витаминҳои B1, B2, PP, C ва ғайра мебошад. Ба ташаккули гемоглобин мусоидат намуда, қобилияти барқарорсозии системаи асабро беҳтар менамояд, бофтаҳои устухон ва инкишофии онро мустаҳкам месозад. Онҳое, ки вазни худро гум менамоянд, шир намехӯранд ва ё дар хоб мушкилӣ доранд, бояд творог истеъмол намоянд».

Мутахассис маслиҳат медиҳад, ки ин маҳсулоти шириро ба кӯдакон низ бояд дод, чун истеъмоли он фоидаовар аст. Зеро кӯдакон дар давраи инкишоф қарор доранд ва устухони онҳо ба калсий бештар ниёз дорад.

Бино ба навиштаи нашрияи тиббии WebMed, творог манбаи бойи калсий мебошад. Ин элемент дар нигоҳ доштани саломатии устухон нақши муҳим дорад. Одамоне, ки миқдори ҳаррӯзаи калсийро истеъмол менамоянд, эҳтимоли камтар ба бемории остеопороз гирифтор шуданро доранд.

Ин маҳсулоти хӯрокворӣ ба мӯйи инсон низ фоидаовар аст. Зеро он сифати мӯйро хуб намуда, решаи онро мустаҳкам ва рехтани онро пешгирӣ менамояд.

Ба тавсияи мутахассисон, ин маҳсулот ба занони ҳомиладор барои нигоҳ доштани зебоии пӯст, мӯй ва нохунҳо зарур аст. Илова бар ин, маҳсулот дорои оҳан аст, ки ба фаъолияти системаи репродуктивӣ таъсири хеле судманд мерасонад.

Ба гуфтаи Ҷаҳон Азонов, шахсе, ки ба варзиш машғул мебошад, хӯрдани фалла пеш аз хоб ва пеш аз машқ метавонад ба барқароршавии мушакҳояш таъсири мусбат расонад ва ба мубодилаи моддаҳо дар организм мусоидат намояд.

Барои он ки кӯдак серҳаракат ва солим ба воя расад, нишаста ва дилпурона бархезад, устувор ба по биистад, устухонҳо ва дандонҳои қавӣ дошта бошад, аз 8-моҳагӣ ба рӯйхати ғизои ӯ фалларо ворид месозанд.

Вақти хуби истеъмоли фалла — ин субхгоҳон ва шом  ба шумор меравад.  Ба нафароне, ки гирифтори бемории илтиҳоби луобпардаи меъда (гастрит), дарди гурда буда, ба латкоза ҳассосият доранд, ба онҳо хӯрдани фалла  манъ аст. Инчунин ба онҳое, ки вазни зиёд доранд ё гирифтори бемории музмини шарёнҳо (атеросклероз) ҳастанд, истеъмоли миқдори зиёди творог тавсия дода намешавад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки фалла маҳсулоти зуд вайроншаванда аст, бинобар ин онро дар яхдон на бештар аз 2-3 рӯз нигоҳ доштан зарур аст.

Мардум фалларо «тиллои сафед» меноманд. То ҳол касе таърихи пайдоиши онро намедонад. Вале назарияе вуҷуд дорад, ки маҳсулот тасодуфан пайдо шудааст — шире, ки дар рӯи миз мондааст, турш шуда, ба қисматҳои хурд-хурд ҷудо шудааст. Баъдан истеъмоли он ба мардум писанд омада, аз ҳамон вақт одамон ба истеъмоли он шуруъ намудаанд.

Дар Ҳиндустон фалларо рамзи хушбахтӣ ҳисобидаанд ва римиёни қадим хӯрдани онро бо асал дӯст медоштаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Декабрь 24, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд