Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Ашқобод иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар кори конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ҷавонони хушбахт бо Аркадаг Сердар» дар шаҳри Ашқободи Туркманистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Италия, Чин, Туркия, Фаронса, созмонҳои байналмилалӣ – Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Созмони ҳамкории исломӣ, инчунин Ассотсиатсияи байналмилалии кураш ва Федератсияи байналмилалии шоҳмот иштирок намуданд.
Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории таърихӣ бо Туркманистонро, ки ба эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, хеле қадр менамояд.
«Давоми зиёда аз сӣ соли истиқлолият давлатҳои мо дар ҳамкории созандаи байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ таҷрибаи ғанӣ ҷамъ намудаанд. Ин сатҳи равобити Тоҷикистон ва Туркманистон, албатта, пеш аз ҳама, хизматҳои Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман муҳтарам Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мебошанд»,-афзуд ӯ.
Тазаккур дода шуд, ки дар тамоми ҷаҳон ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва навовар эътироф шудаанд. Таъмини таҳкими иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Бешубҳа, афзалияти стратегии сарнавишти ҷавонон барои давлат ва ҷомеа истифодаи самаранок ва рушди ғояҳои пешқадам ва пеш аз ҳама, неруи инноватсионие, ки ҷавонон муҳаррики асосии он ҳастанд, мебошанд.
Воқеан, давлат ҷавононро як қишри асосии ҷомеаи ояндасоз эътироф намуда, дар назди худ вазифа гузоштааст, ки барои он шароит фароҳам оварад ва ақлу малакаи зеҳнии онҳоро ба пешрафти тамоми соҳаҳо ҷалб созад.
Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун неруи бузурги созанда эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудааст. Гузашта аз ин, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва идораи давлатӣ, аз ҷумла тавассути дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, соҳиб шудан ба ихтисос, касбу ҳунар, шуғли аҳолӣ, мавқеи махсуси ҷавонон дар ҷамъият таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар симпозиуму конференсияҳо, форумҳо, олимпиадаҳо, мусобиқаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ давлати соҳибистиқлоли моро бо ифтихори бузург муаррифӣ менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






