Дар Қазоқистон 67 нафар пас аз заминларза барои ёрии тиббӣ муроҷиат намудаанд
ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қазоқистон пас аз заминларза 67 нафар барои ёрии тиббӣ ба беморхонаҳои шаҳри Алмаато муроҷиат намудаанд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ иттилоъ додааст.
Дар байни зарардидагон 55 калонсол ва 12 кӯдак ҳаст.
Тибқи маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, 23 январ, соати 00:09 бо вақти Остона заминларза сабт гардидааст, ки маркази он дар километри 264-уми самти ҷанубу шарқи шаҳри Алмаато, дар марзи Қирғизистон ва Чин воқеъ будааст.
Шиддати заминларза 6,7 балро ташкил додааст. Он дар шаҳри Остона ва вилоятҳои Алмато, Қазоқистони Шарқӣ, Жамбил, Жетисуск ва Қарағанда эҳсос шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






