АФЗОИШИ ИҚТИДОРИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ИЛОВАТАН БА МИҚДОРИ 4 ҲАЗОР МЕГАВАТТ. Он аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқи обии нав пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, 13 ҳазор пирях, манбаи асосии оби нӯшокӣ ва 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавҷуд мебошад. Тоҷикистон дорои сарватҳои фаровони табиӣ, бахусус об ва канданиҳои фоиданок буда, аз ҷиҳати зарфиятҳои умумии гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯйи ҳаҷми хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар, ки имрӯз дар шаҳри Давҳа доир гардид, изҳор доштанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки пешрафти ояндаи ҷаҳон ба тавлиди «энергияи сабз» ҳамчун асоси ташаккули «иқтисоди сабз» вобастагии зиёд дорад. Бо дарназардошти ин омил ва захираҳои мавҷудаи табиӣ, соҳаи гидроэнергетика заминаи муҳимтарини таъмини рушди устувори Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, қабл аз ҳама, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ барои мо муҳим мебошад.
Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ – сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3800 мегаватт, ки имконияти бо барқ таъмин намудани ҷумҳурии мо ва минтақаро дорад, амалӣ шуда истодааст. Бо татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ мо метавонем истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне «энергияи сабз»-ро дучанд афзоиш диҳем. Ҳамзамон бо ин, Тоҷикистон ба идораи самараноки захираҳои обу обёрӣ ва ба ин васила ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа мусоидат менамояд.
«Мо ба нақша гирифтаем, ки дар ояндаи наздик аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқи обии нав ва таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда иқтидори энергетикии мамлакатро иловатан ба миқдори чор ҳазор мегаватт афзоиш диҳем. Ҳоло аз 530 миллиард килловатт/соат захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон танҳо шаш фоизи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар баробари ин, дар Тоҷикистон 98 фоизи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад ва давлати мо аз рӯи ин нишондиҳанда дар қатори шаш давлати пешсафи ҷаҳон қарор дорад. Бо дарназардошти ин, тавлиди ҳама намуди молу маҳсулот дар мамлакати мо ба категорияи «истеҳсоли сабз» дохил мешавад»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






