Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Екатеринбург ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа роҳбари Шуро, котибот ва аъзои Шурои ҳамоҳангсозӣ иштирок намуданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода раиси Шурои ҳавзавии ҷамъиятӣ, ходими фаъолу шинохтаи маҳаллии ҷамъиятӣ Ёқубҷон Умаров ҳамраиси Шурои ҳавзавии ҷамъиятӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов муовини аввали раиси Шурои ҳавзавии ҷамъиятӣ, соҳибкору ходими шоистаи ҷамъиятии диаспораи тоҷикони муқими шаҳри Сургут Мирзодавлат Миршарифов муовини раиси Шурои ҳавзавии ҷамъиятӣ ва котиби якуми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Субҳон Қурбонов котиби Шурои ҳавзавии ҷамъиятӣ пешбарӣ гардида, аз ҷониби аъзои Шурои ҷамъиятӣ ҷонибдорӣ ва тасдиқ шуданд.
Аъзои Шурои ҷамъиятӣ лоиҳаи нақшаи кори онро дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода, бо таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби аъзои Шуро тасдиқ намуданд. Зимни ҷаласаи Шурои ҳавзавии ҷамъиятӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи Урал, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя намудани қонунгузорӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии (таҳҷоии) кишвари иқомат, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ибрози андеша гардид.
Тазаккур дода шуд, ки мутаассифона, то ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонони тоҷикистонии муқими Русия ба мушоҳида мерасанд. Чунончӣ, аз ҷумла аъзои созмону гурӯҳҳои номатлубу хатарзо, аз ҷумла ташкилоти дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнуъ пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро амалӣ намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои зиддиконститутсионӣ ва террористиву экстремистӣ водор менамоянд. Дар иртибот ба ин иброз гардид, ки ҳар узви Шурои ҳавзавии ҷамъиятӣ бояд саъю кӯшиш намояд, то дар минтақаю арсаи фаъолияташ корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро байни ҷавонони тоҷикистонӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ густаришу тақвият бидиҳад. Ба ҳамватанони ҷавон бо далелу бурҳон бояд фаҳмонид, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ин ҳизбу гурӯҳҳо дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомат аз пайи кори созанда ва ободии Ватану рӯзгори худ бошанд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои мубрам оид ба такмили минбаъдаи ҳамкории муассисаи консулӣ бо аъзои Шурои ҳавзавии ҷамъиятӣ мавриди баррасию гуфтугӯ қарор дода шуданд. Консули генералӣ, раиси Шурои ҳавзавии ҷамъиятӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассирро барои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ-зодагони Тоҷикистон барои ободию рушди Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, амалисозии чорабиниҳои гуногун ба хотири мутобиқсозии иҷтимоӣ-фарҳангии ҳамватанон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба шароиту воқеияти кишвари иқомат, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонони тоҷикистонӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии дурусту густурдаи фарҳанги миллӣ дар қаламрави минтақаи Урали Русия махсус таъкид намуд.
АКС: Шурои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






