Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария/Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU) Умберто де Претто мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор доштанд, ки дар ояндаи наздик роҳҳои мамлакати мо ҳамчун долонҳои транзитӣ-иқтисодии «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон» ва «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо», инчунин «Тоҷикистон – Чин – Покистон» истифода бурда хоҳанд шуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Сарвари давлат иброз намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад дар ояндаи наздик як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ таҳия ва пешниҳод намояд».
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд






