Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 30 январи соли 2024 №29
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Муминзод А.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Муминзод Абдулмаҷид Мубин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 30 январи соли 2024 №30
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии
Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов
озод намудани Сафаров Ш.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сафаров Шодӣ Асомуродович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 30 январи соли 2024 №31
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии
«Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи
Данғараи вилояти Хатлон» озод намудани Абдуллозода Қ.Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуллозода Қурбоншо Ҳайдар бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 30 январи соли 2024 №32
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи роҳбари маъмурияти
Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» озод
намудани Камолиддинзода И.Ҷ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин аз вазифаи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 30 январи соли 2024 №33
ш. Душанбе
Дар бораи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии
Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов
таъин намудани Абдуллозода М.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуллозода Муҳаммадшо Мирзохон ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Абдуллозода Муҳаммадшо Мирзохон

аз 30 январи соли 2024 дар мансаби ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов кор мекунад
Соли таваллуд 28 декабри соли 1968 Ҷои таваллуд шаҳри Кӯлоб
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 1994 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе(рӯзона) бо дипломи аъло, соли 2003 Академияи байналмилалии олимпӣ ва соли 2005 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимовро хатм кардааст
Ихтисос тарҷумони забони англисӣ, муаллими тарбияи ҷисмонӣ
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Медали «Хизмати шоиста», унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Вазъи оилавӣ оиладор
|
Кор ва фаъолияти собиқа: |
|
| Солҳои 1986-1994 | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2003-2005 | Донишҷуи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон |
| Солҳои 2002-2003 | Донишҷуи Академияи байналмилалии олимпӣ |
| Солҳои 1993-1998 | Тарҷумони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон |
| Солхои 1998-2003 | Сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон |
| Солҳои 2003-2005 | Иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон |
| Солҳои 2005-2009 | Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон |
| Солҳои 2009-2013 | Сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон |
| Солҳои 2013-2016 | Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон |
| Аз соли 2017 то 2024 | Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон |
| Аз 30 январи соли 2024 то ин ҷониб |
Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов |
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 30 январи соли 2024 №34
ш. Душанбе
Дар бораи директори Муассисаи давлатии таълимии
«Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи
Данғараи вилояти Хатлон» таъин намудани Каримзода Ш.Б.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Каримзода Шуҳрат Бозор директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 30 январи соли 2024 №35
ш. Душанбе
Дар бораи директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби
Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор»
таъин намудани Намоззода Ҷ.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Намоззода Ҷамшед Ашурмад директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 30 январи соли 2024 №36
ш. Душанбе
Дар бораи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода С.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Салим Музаффар муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 30 январи соли 2024 №37
ш. Душанбе
Дар бораи роҳбари маъмурияти
Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъин
намудани Муҳаммадзода М.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Муҳаммадзода Муҳаммад Султон роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






