Ба кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мошин ва таҷҳизоти компютерӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба якчанд мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказу муассисаҳои тобеи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 мошини замонавӣ ва таҷҳизоти компютерӣ тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди мамлакат иттилоъ медиҳад.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар вазъияти тантанавӣ калидҳои мошинҳоро ба масъулин тақдим намуда, таъкид дошт, ки бар ивази чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро ба беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ равона намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист сол то сол иқтидори кадрию шароити кории кормандон дар биноҳои хуштарҳу замонавӣ беҳтар мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 декабри соли 2023 масъалаҳои ҳифзи муҳити зистро мавриди баррасии амиқ қарор дода, дар робита ба ин ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд






