БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд

Январь 31, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи бандҳои “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Бемории диабети қанд ва роҳҳои пешгирии он” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ хабар медиҳад.

Ин ҳамоиши илмӣ бо ҷалби мутахассисону олимони соҳа чандин паҳлуҳои мусбатро фаро гирифт ва ҳамчун муҳимтарин мавзуи рӯз ҷолибияти хос дошт. Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо тамошои намоишгоҳи дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ оғоз шуд.

Муҳимтарин омили рушд

Ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки дар истинод ба таҳлилҳои оморӣ, шумораи беморони дорои диабети қанд рӯ ба афзоиш буда, баррасӣ ва пешгирӣ аз он мавзуи рӯз мебошад. Дар ин самт аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, нақш гузоштан дар татбиқи амалии нақшаву барномаҳои махсусро вобаста ба ин масъала, вазифаи ҳар узви ҷомеа номид. Ректори донишгоҳ аз он ёдовар шуд, ки Пешвои муаззами миллат солимии ҷомеаро зери сиёсати вижа қарор дода, пайваста он нуктаро таъкид менамоянд, ки «саломатии аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳимтарини рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад».

Андешаҳо оид ба пешгирии беморӣ

Дар ҳамоиш меҳмонону намояндагон аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини аввали сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қадамов, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Содиқзода, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Сироҷиддин Ниёзӣ иштирок намуда, фикру андешаҳояшонро баён намуданд. Маърузаҳои дотсенти кафедраи ҷарроҳии 1-и донишгоҳ Абдурауф Қодиров (“Бемории диабети қанд ва оризаҳои он”), дотсенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакологияи донишгоҳ Муҳаббат Зарипова (“Бемории қанд: пешгирӣ ва роҳҳои табобати он”), мудири кафедраи акушерӣ ва генекологии донишгоҳ Заррина Рафиева (“Таъсири бемории диабети қанд ба натиҷаҳои акушерӣ ва перинатологӣ” ва дотсенти факултети филология Фирдавс Мирзоёров (“Фарҳанги истеъмоли хӯрок”) мавзуи матраҳшударо аз чанд равзана фаро гирифтанд.

Ташхиси беморӣ аз нигоҳи мутахассисон

Ба андешаи табибон, на ҳама беморони гирифтори диабети қанд дар бораи бемор буданашон сари вақт хабардор мегарданд. Нишонаҳои бемориро намедонанд, ба мутахассисон муроҷиат намекунанд ва аз дигаргунии дар вуҷудашон пайдошуда хабар намедиҳанд. Барои ин зарур аст, ки соле як-ду маротиба ҳар фард аз ташхиси мутахассисони тиб гузарад. Диабети қанд аз гурӯҳи бемориҳои мубодилавӣ аст, ки хусусияти баланд шудани қанди хунро дорад. Он дар натиҷаи ихтилолҳои офариниши инсулин, таъсири инсулин ё дар натиҷаи таъсири ин ҳар ду омил ба вуҷуд меояд. Мутахассисон дуруст мегӯянд, ки баробари огоҳӣ ёфтан аз беморӣ бархе зуд ноумед шуда, ба тарсу ҳарос меафтанд. Чунин ақида дар онҳо пайдо мешавад, ки диабети қанд умри онҳоро кӯтоҳ менамояд ва табобаташ имконнопазир мебошад. Аммо агар ба маслиҳати мутахассисон диққат дода, бо дастуру фармоиши онҳо барои саломатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд, шифо меёбанд ва умри дарози пурсаодатро соҳиб мешаванд.

Навъҳои диабети қанд

Илми тиб то ҳол якчанд навъи диабети қандро муайян намудааст, вале бештар мардум ба ду навъи он гирифтор мешаванд:

1. Ба бемории қанди навъи якум одатан одамон дар синни наврасӣ ва ҷавонӣ гирифтор мегарданд. Аммо солҳои охир маълум шуд, ки ба ин навъи беморӣ инсон метавонад новобаста аз синн гирифтор шавад. Диабети қанди навъи якум дар натиҷаи вайроншавӣ ё нобудшавии бетаҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда пайдо мешавад, ки одатан ба норасоии мутлақи инсулинӣ бурда мерасонад.

2. Ба бемории навъи дуюми қанд бештар калонсолон гирифтор мешаванд. Ин навъи бемориро нисбатан сабук медонанд, аммо ин фикр нодуруст аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин беморӣ низ дар ҳолати риоя накардани табобат мисли диабети қанди навъи якум барои инсон хавфнок аст. Сабаби пайдо шудани диабети навъи дуюм, аз як тараф, истодагарӣ намуда натавонистани организм (инсулинорезистент) бошад, аз ҷониби дигар, қобилияти инсулинофарии бетаҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда мебошад.

Сабабҳо ва омилҳои мубталошавӣ

Сабабҳои аслии пайдоиши бемории диабети қанд аз нигоҳи илми тибби имрӯза ирсият,   фарбеҳии зиёд, тарсу ҳаяҷон, камҳаракатӣ,  атеросклерози рагҳо, бемории фишорбаландии хун, бемории ҷигар ва гурдаҳо, истифодаи зиёди тамоку мебошанд.

Пешгирӣ ва табобат

Пешгирии таъсири бад гузоштани бемории диабети қанд- ин парҳез намудан аз истеъмоли ғизоҳои бирёну серравған ва шӯру тунд мебошад. Инчунин вазни худро дар меъёри муътадил нигоҳ доштану ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан барои рафъи ин беморӣ муҳим аст. Мувофиқи маслиҳати мутахассисон, барои бемор парҳез дар ҷойи аввал меистад. Парҳез фоҷиаву ноумедӣ нест ва як роҳи осони раҳоӣ аз аксар бемориҳо аст. Табибон дар ҳама давру замон бар он ақидаанд, ки хӯрокҳои парҳезӣ (зудҳазм) истеъмол намудан ҳатто барои одамони комилан саломат низ муфид аст. Парҳез намудан пеши роҳи пурхӯриро низ мегирад. Агар ба асарҳои бузургони гузашта шинос шавем, аксарашон одамони пурхӯр ва нопарҳезкорро мазаммат намудаанд. Бо вуҷуди ин, қисми зиёди калонсолон ба пурхӯрӣ даст мезананд. Дар тӯй ва дигар маъракаҳо на танҳо якчанд навъи таом, балки дигар ғизоҳоро пайи ҳам истеъмол менамоянд.

Вазъи ташвишовар дар ҷаҳон ва чанд далел

Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, феълан дар ҷаҳон зиёда аз 529 миллион нафар гирифторони диабети қанд сабт шудаанд. Аз рӯи таҳлилҳову пешгӯиҳои мутахассисон, соли 2050 ин шумора ба 1,5 миллиард нафар мерасад. Яъне оянда эҳтимол дорад, ки тақрибан аз даҳ нафар сокинони сайёра як нафар гирифтори ин беморӣ гардад. Ин дар ҳоле аст, ки соли 1980 гирифторони ин беморӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ 108 миллион нафарро ташкил медоданд. Дар Федератсияи Русия 5 миллион нафар гирифторони бемории диабети қанд сабт шудаанд. Ин панҷ миллион нафар маълумоти расмӣ мебошад ва эҳтимоли шумораи зиёди дигар гирифторони беморӣ низ вуҷуд дорад. Соли 2016 дар ҷаҳон 1,9 миллиард нафар одамон вазни зиёдатӣ (фарбеҳӣ дар назар аст) доштаанд, ки аз синни 18 боло мебошанд (39 фоиз мардон ва 40 фоиз занон). Аз инҳо 500 миллион нафар аз фарбеҳӣ сахт ранҷ мебурдаанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чанд соли охир фарбеҳшавиро баробар ба эпидемия эътироф намудааст.

Таъкид менамоем, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ, дар Тоҷикистон шумораи беморони дорои диабети қанд рӯ ба афзоиш буда, баррасӣ ва пешгирӣ аз он мавзуи рӯз мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солимии ҷомеаро зери сиёсати махсус қарор дода, гуфтаанд, ки «саломатии аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳимтарини рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад».

Пешгирии таъсири бад гузоштани бемории диабети қанд- ин парҳез намудан аз истеъмоли ғизоҳои бирёну серравған, шӯру тунд мебошад. Ҳамзамон ҳар шахс бояд вазни худро дар меъёри муътадил нигоҳ дошта, ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Январь 31, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 12 муассисаи таълимии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро 67 нафар бо дипломи аъло хатм намуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон гимназия таъсис ёфт
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қабули донишҷӯёнро қариб 100 фоиз иҷро намуд
ТИБ, БИОЛОГИЯ ВА ВАРЗИШ. Маркази миллии тестӣ гурӯҳи ихтисосҳои серинтихоби соли 2024-ро номбар намуд
Омӯзгорони шаҳри Душанбе ба омӯзиши Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагон фаро гирифта мешаванд
Аз пагоҳ дар Тоҷикистон қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардад
ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ. Бақайдгирии хонандагони синфҳои 1 ба муассисаҳои таълимии пойтахт тавассути «eDonish» амалӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои омӯзгорону донишҷӯён хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
Беш аз 4 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд
Маркази миллии тестӣ: 65 ҳазору 266 нафар довталаб ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ дохил шудаанд
Хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика сазовори ҷойи 3-юм гардид