Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 12 ихтисоси нав таъсис дода шуд

Август 1, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон бо мақсади рушду инкишофи имконияти илмию таълимӣ ва ҷавобгӯ сохтани низоми таҳсил ба талаботи муосир дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба 12 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр иҷозатнома дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода иттилоъ дод.

Тавре ректори донишгоҳ иброз намуд, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 12 ихтисоси нав иҷозатнома гирифта шуд. Ин ихтисосҳо, аз ҷумла технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ, зеҳни сунъӣ, молия ва қарз дар иқтисоди берунӣ, хадамоти гумрукӣ, сиёсат ва робита бо ҷомеа, забони хориҷӣ ва ғайра мебошанд. Ин ихтисосҳо замонавӣ, рақобатпазир ва дорои зарфияти баланд дар бозори меҳнат мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 14 факултаи донишгоҳ донишҷӯён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд ва шумораи онҳо 48 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 121 нафар духтар ва 127 нафар писар мебошад.

Ҳамзамон дар самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ иброз гардид, ки аз ҷониби муҳаққиқони донишгоҳ 4 нахустпатент ва 4 арзнома барои гирифтани нахустпатент ба Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Фаъолияти Парки технологии донишгоҳ низ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, имрӯз дар он дар 8 хати истеҳсолӣ номгӯйи маҳсулоти шустушӯӣ омода мегардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид