НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 20 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби дипломи аъло гардид
ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд. Дар ин хусус 29 июл ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар донишгоҳ дар маҷмуъ 8050 донишҷӯ таҳсил менамояд, ки 120 нафари он тибқи квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Имсол донишгоҳро аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо ва шаклҳои таҳсил 1673 нафар хатм намуд.
Иброз гардид, ки дар айни замон дар донишгоҳ 3 доктори илм, 67 номзади илм, 223 муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмуъ 293 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғул ҳастанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон 8 устоди донишгоҳ дар шуроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷи мамлакат рисолаи илмӣ дифоъ намуда, 4 нафар соҳиби шаҳодатномаи дотсентӣ гардид. Дар баробари ин, то охири соли равон 10 устоди ҷавон рисолаи илмӣ дифоъ менамояд.
Аз ҷониби ҳайати профессорону устодон 10 китоби дарсӣ, 15 монография, 60 дастури методӣ, 25 воситаи таълимӣ ва зиёда аз 500 фишурдаю мақола ва маърузаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия гардида, ба чоп расидаанд.
Инчунин зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки имсол донишгоҳ бо 11 муассисаи олии хориҷи мамлакат шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Ҳоло дар донишгоҳ 220 донишҷӯи хориҷӣ аз Русия, Туркманистон ва Узбекистон дар гурӯҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил доранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






