Бонки миллии Тоҷикистон узви Network for Greening the Financial System гардид
ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон узви Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ — Network for Greening the Financial System /NGFS/ гардид. Тасдиқномаи Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ дар хусуси пайваст шудани Бонки миллии Тоҷикистон дастрас гардидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Бояд тазаккур дод, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) аз соли 2018 ба ҳайси нозири NGFS аллакай мақоми танзимкунанда ва ниҳодҳои назоратӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Арманистон, Гурҷистон ва Узбекистонро барои узвият ба NGFS дастгирӣ намудааст.
NGFS шабакаи гурўҳи бонкҳои марказӣ ва мақоми назоратии пруденсиалӣ мебошад, ки дар доираи фаъолияти он давлатҳои аъзо дар самти табодули таҷрибаи пешқадам, саҳмгузорӣ дар рушди идоракунии хавфҳои муҳити зист ва иқлим дар бахши молиявӣ ва ҷалби маблағҳо барои дастгирии раванди гузариш ба иқтисоди устувор ҳамкорӣ менамоянд.
121 бонкҳои марказӣ, аз ҷумла бонкҳои марказии Амрико, Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон, Чин, Гурҷистон ва Узбекистон аъзои шабакаи NGFS мазкур буда, дар доираи он табодули таҷриба байни давлатҳои аъзо амалӣ мегардад.
Ҳадафи шабакаи мазкур муайянсозӣ, пешбурд ва саҳмгузорӣ дар рушди таҷрибаҳои беҳтарин дар дохил ва берун аз узвият дар NGFS, ҳамчунин, гузаронидани корҳои таҳлилӣ оид ба маблағгузории сабз мебошад. Инчунин, иқдоми мазкур ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2027» ва суръат бахшидан ба раванди татбиқи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим (2016) мусоидат хоҳад намуд.
Интизор меравад, ки шомилшавӣ ба NGFS огоҳии иштирокдорони бозори молиявиро вобаста ба масъалаҳои иқлимӣ баланд бардошта, ба маблағгузории устувор ва «сабз» дар Тоҷикистон суръат мебахшад.
АКС:Бонки миллии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






