ИСТЕҲСОЛ ЗИЁД — НАРХ ГАРОН. Чаро дар Тоҷикистон нархи моҳӣ баланд аст?
ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз моҳи январ то августи соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 70,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 12,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра сайди моҳӣ 2298,9 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ва манфиатовари мамлакат ба ҳисоб меравад. Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа бештар гардидааст. Ҳарчанд дар мамлакат ин соҳа рушд ёфта, истеҳсоли гӯшти моҳӣ бештар гардидааст, аммо нархи он дар бозори истеъмолӣ баланд аст. Имрӯз нархи 1 килограмм моҳии зинда дар бозорҳои пойтахт аз 85 то 100 сомониро ташкил медиҳад.
«Омили асосии баланд шудани нархи гӯшти моҳӣ ба афзудани нархи хӯроки моҳӣ вобастагӣ дорад, зеро қисми зиёди хӯроки он аз хориҷи мамлакат ворид мегардад. Омили дигари баландшавии нархи гӯшти моҳӣ зиёд гардидани талаботи истеъмолкунандагон мебошад»,- иброз дошт сардори Раёсати чорвопарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Ҳабиб ба мухбири АМИТ «Ховар».
Убайдулло Ҳабиб афзуд, ки дар нуқтаҳои истеҳсоли моҳӣ нархи як килограмми он (вобаста ба намуди моҳӣ) аз 40 то 65 сомониро ташкил медиҳад. Боло рафтани нархи моҳӣ дар бозорҳои истеъмолӣ ба худсарона нарх гузоштани соҳибкорон вобастагӣ дорад.
Ба таҳлили коршиносон, сабаби гаронии нарх ва пурра таъмин нагардидани талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон бо гӯшти моҳӣ пойгоҳи хӯрокӣ ва техникаю технологияҳои навин мебошанд. Сабаби дигар набудани маблағҳои озод барои сохтани ҳавзҳо аз ҷониби хоҷагиҳо ва соҳибкорон аст, зеро набудани қарзҳои имтиёзнок кори онҳоро мушкил менамояд.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ 1300 кӯли табиӣ, 8 обанбор ва 385 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 75968,4 гектар (73341,6 гектари он обанборҳо ва 2626,8 гектараш ҳавзҳои моҳипарварӣ) мавҷуд аст, ки барои парваришу истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ истифода бурда мешаванд.
Дар Тоҷикистон барои 1 нафар дар як сол истеъмоли 9 килограмм гӯшти моҳӣ муқаррар карда шудааст. Агар хоҳем, ки беҳтарин навъи гӯшти моҳиро истеъмол намоем ва ба нархи миёнаи имрӯза (80 сомонӣ) ҳисоб намоем, барои як нафар дар як сол 810 сомонӣ сарф мегардад. Оилаҳои мо ба ҳисоби миёна аз панҷнафарӣ иборат мебошанд. Барои таъмини аъзои як оила бо ғизои фоидаовар дар як сол мебояд ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ сарф карда шавад.
Барои аҳолии зиёда аз даҳмиллионаи Тоҷикистон дар як сол бояд беш аз 95 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол карда шавад. Тоҷикистон имконияти истеҳсоли зиёди моҳиро дорад, зеро иқлим, ҳаво ва чашмаю обҳои ширини мамлакат барои рушди моҳипарварӣ созгор мебошанд. Ба иттилои мутахассисони соҳа, сифати моҳӣ ба сифати об алоқаманд аст, ҳар қадар об тоза бошад, ҳамон андоза моҳӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мешавад. Таъми моҳӣ ҳам аз об вобаста аст.
«Бо мақсади пешрафти соҳа ва таъмини бозорҳои мамлакат бо гӯшти моҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ба тасвиб расидааст.
Инчунин 29 августи соли 2025 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯй ва ҳаҷми молу маводи бевосита барои субъекҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво вобаста ба эҳтиёҷоти худии онҳо бо назардошти ҳаҷми истеҳсоли мол дар соли 2025 воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд» ба имзо расид.
Дар Тоҷикистон 27 корхона ба истеҳсоли хӯроки моҳӣ машғуланд, ки танҳо аз 25 то 35 фоизи хоҷагиҳои моҳипарвариро бо хӯрокӣ таъмин менамоянд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 намуди моҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 10 намудаш, аз ҷумла гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, лаққамоҳӣ, амури сиёҳ ва пешонағафси рангоранг дар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Сол ба сол зиёд шудани аҳолии мамлакат тақозо мекунад, ки моҳӣ аз ин ҳам бештар истеҳсол карда шавад.
25 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Корея»-ро мавриди истифода қарор доданд. Ҳавзҳои моҳипарварии хоҷагии тозабунёд аз ҷиҳати сохт ва технологияи парвариш аз ҳавзҳои дигари моҳипарварии ҷумҳурӣ фарқ дошта, дар Тоҷикистон таҷрибаи нав аст. Дар он ду намуди моҳӣ – салмон ва Кохо парвариш меёбад. Гӯшти ин намуди моҳиҳо дар ҷаҳон талаботи зиёд дорад. Бо назардошти ин муассисон дар оянда нақша доранд, ки маҳсулотро дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ҳамзамон ба хориҷи мамлакат содирот намоянд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»
Дар Конфронси ФАО дар Душанбе тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва вайроншавии замин баррасӣ шуд
Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» ба маърази тамошо гузошта шуд
Жанна Исина: «Баргузории конфронси сатҳи баланд дар Душанбе мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро тақвият медиҳад»
Дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ҷаласаи канорӣ оид ба татбиқи ҳуҷҷати «равиши ягонаи саломатӣ» баргузор шуд
Мудири кулли ФАО Тсюй Дунъюй: «Ба Президенти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси 35-уми минтақавии СММ изҳори миннатдорӣ менамоям»
Беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ: натиҷаҳои мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ширкатҳои Чин дар Пекин
Дар Душанбе модели ҳамкории минтақавӣ ва табодули дониш баррасӣ гардид
Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид






